Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

*телевизиорҳои ғайриинтиқолӣ (стасионарӣ) ки диагонали экранашон 20 дийума ва зиёдтар аз ин буда, аз шабакаи ҷараёни тағйирёбанда ғизо мегиранд; *телевизиорҳои хурдандоза, ки диагонали экранашон камтар аз 17 дийума буда, аз шабакаи ҷараёни тағйирёбанда ғизо мегиранд; *телевизиорҳои интиқолӣ, ки диагонали экранашон на зиёда аз 14 дийума буда, аз батареяҳо ва ё аккумуляторҳо ғизо мегиранд; *телевизиорҳои автомобилӣ, ки диагонали экранашон 11-13 дийума буда, аз шабакаи автомобилӣ ғизо мегиранд; *кинотеатрҳои хонагӣ, яъне телевизиорҳое, ки диагонали экранашон калон буда, бо видеомагнитофон, ДVД-плеер ва системаи садои «иҳотакунанда» муҷаҳҳаз гардонида шудаанд….
5.Тавсифи бузургӣ: Бузургиҳо дар забони адабиёти илмии техникӣ мафҳумҳое мебошанд, ки ҷиҳатҳои миқдории чизу ҳодисаҳои илмиро тавсиф намуда, ба воситаи бузургиҳои дигари илмии техникӣ чен ва ҳисоб карда мешаванд. Чунончи:
Табиати масса: Масса яке аз асоситарин бузургии физикии тавсифдиҳандаи материя мебошад, ки хосиятҳои ҷозибадорӣ ва инертнокии онро муайян менамояд. Табиат ва моҳияти масса муаммои ҳанўз халнагардидаи физикаи муосир мебошад. Дар айни замон ақидае маъмул аст, ки мувофиқи он массаи зарраҳои бунёдиро майдонҳои онхоро иҳотакунанда (электромагнитӣ, ҳастаӣ(ядроӣ) муайян менамоянд. Вале назарияи масса (бахусус назарияи миқдорӣ) ҳоло ба вуҷуд оварда нашудааст. Ҳанўз маълум нест, ки барои чӣ масалан, массаи электрон ин қадар асту массаи протон –он қадар?

пешина
аз 67
навбатӣ