ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хондан- Матне, ки таҳқиқи ягон раванд ё ҳодисаи илмии техникиро тасниф медиҳад, аз қисматҳои зерин иборат буда метавонад: ишора ба масъалаи баррасишаванда, таърихи масъала (яъне, дар давраи муайяни таърихӣ чӣ корҳо доир ба ин масъала анҷом дода шудааст) ва таснифи худи таҳқиқот. Дар баъзе мавридҳо тасниф бо истифодаи қоидаҳои муқоиса, монандӣ, муқобилгузорӣ ва амсоли инҳо сохта мешавад.
Мушаххасоти тасниф одатан андозаҳо, арзу тўл, сифат, фазо ва монанди инҳо буда метавонанд. Чунончи:
Таснифи асбоби илмӣ: Микроскон (резабин) асбобест, ки барои омўхтани предмет (чиз)-ҳои андозаашон ниҳоят хурд хизмат мекунад. Андозаи хаттии предметҳое, ки ба воситаи микроскоп ҳосил карда шудааст, назар ба андозахои хаттии тасвири онхо хурдтар мебошад. Бузургнамоии тасвири предметҳо аз масофаи конунии объектив ва окулар вобастагӣ дорад, бинобар ин ҳар як микроскоп бузургнамоии хоси худро соҳиб мебошад. Ҳангоми иҷро намудани кори лабораторӣ микроскопро дараҷабандӣ намудан зарур аст, яъне андозаи хаттии предмети омўхташавандаро ба андозаи хаттии тасвири хосилшуда мувофиқ кардан мебояд. - Таснифи асбоби илмӣ-техникӣ: Мавҷгираки телевизионӣ дастгоҳи мураккаби электроние мебошад, ки барои тамошои барномаҳои заминӣ ва радифӣ (спутник)-и телевизионӣ таъйин шудааст.
Телевизиорҳо аз рўи бандубаст ба гурўҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё