Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
аст. Бо зичии миёна дар шакли тару тоза дар тобистон истеъмол карда мешавад.
Карами дербендӣ – бо хусусиятҳои тезрасӣ, ба хунукӣ тобовариаш фарқ мекунад. Каллакарамҳои он ҳаҷман калон набуда, ковок ва шакли дарозрўя доранд.
Навъи апшеронӣ – тезрас буда, барои дар мўҳлатҳои барвақт кишт кардан тавсия мешавад. Давраи пурраи нашвии он 200 рўзро ташкил медиҳад. Вазни каллакарамҳои он 0,66 кг – ро ташкил медиҳанд ва зичиашон дар дараҷаи баланд қарор дошта, сифатҳои хуби тамъӣ доранд.
Навъи июнӣ – тезрас буда, дар давоми 130 рўз мерасад.
Бандинааш он қадар калон набуда, вазни каллакарамҳояш 1,58 кг-ро ташкил медиҳанд. Ин навъ зичии камтарро соҳиб аст.
Кишти он дар водии Вахш тавсия карда мешавад.
Слава 1305 – миёнарас буда, пас 75-80 рўз мерасад. Расиши оммавии он пас аз 95-100 рўз оғоз меёбад. Шаклаш гирдаи ҳамвор, бо вазни 2-3 кг ба ғайр аз вилояти Суғд дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия карда мешавад.
Тошкандии 10 – миёнарас буда, дар давоми 100-110 рўзи кишти кўчатҳояш мепазад. Пас аз кишти тухмиҳояш бошад, давраи нашвиаш 130-140 рўзро ташкил медиҳад, каллакарамҳояш шакли гирда дошта, дар як маврид пухта мерасанд. Вазнашон 2,5-
3 кг мебошад. Ин навъ бо гармитобоварӣ ва расиши оммавиаш фарқ мекунад.
Боғирӣ – навъи миёнарас буда, дар давоми 110-130 рўз пас аз кўчатҳояш пухта мерасад, пас аз кишти тухмиаш бошад, расиши он 140-160 рўзро ташкил медиҳад. Каллакарамҳои он навъ бо шакли гирда ва вазни 2,9 кг фарқ мекунанд. Дар як маврид ва ба тарзи оммавӣ пухта мерасанд. Кишти ин навъ ба ғайр аз минтақаи Рашт дар тамоми ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ тавсия карда мешавад.
Душанбегии деррас – ин навъ дар давоми 125-130 рўз пас аз кишти кўчатҳояш ё пас аз 145-150 рўзи ба хок коштани тухмиҳояш пухта мерасад. Ҳосилнокии баланд, кашонданбобии хубро соҳиб буда, ба гармӣ тобовар аст. Барои кишт дар тобистон тавсия карда мешавад, каллакарамҳояш шакли гирда дошта, вазни миёнаашон 2,3-3,0 кг-ро ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз минтақаи Рашт дар тамоми ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба кишт тавсия карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё