Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Усулҳои ҳимоя
Парвариши навъҳои ба ин касали устувор (Чаггер, Кауз, Кенасил, Султон, Атоӣ, Аттила, Норман, Зандер-12, Тасикар, Память 47, Четису, Помир 1, Шарора, Навруз ва ғайраҳо).
Сари вақт нобуд намудани растаниҳое, ки аз дони зироати пешина кишт неш задаанд.
Истифодаи заҳрхимикатҳо амали самаранок аст, дар ҳолате, ки барои деқконон гарон набошад. Мисол, ба кишти гандум заҳрҳои зеринро пошидан мумкин аст: Альто, 40% к.т., меъёр 0,2-0,25 л/га; Фоликур БТ, 22,5% к.э., меъёр 0,3-0,5 л/га.
Гузаронидани саривақтии чораҳои агротехникӣ, кишти муътадил ва истифодаи нуриҳо.
Занги тана дар шароити Тоҷикистон начандон касалии вазнини гандум шуморида мешавад, аммо як қатор навъхои ноустуворро сироятнок намуда, ҳосили онҳрро паст мекунад. Пустулаҳри занги тана шакли гирд ё дарозруя дошта, дар тана, баргҳо, бағали баргҳо ё дар хушаҳо пайдо мешаванд. Бархилофи занги бур, ки пустулаҳояш гирданд, пустулаҳои занги танаро дар ҳар ду тарафи барг мушоҳида намудан мумкин аст. Пустулаҳое, ки дар баргҳо ва ё дар эпидермиси тана инкишоф меёбанд, кафида, бо пухтарасии гандум, тира мегарданд.
Усулҳои ҳимоя
Парвариши навъҳои устувор (Чаггер, Кауз, Кенасил, Султон, Атои, Аттила, Норман, Тасикар, Зандер-12 ва ғайра).
Дар ҳолати шадид будани сироят пошидани заҳрхимикатҳо тавсия мешавад, аммо дар шароити Тоҷикистон ба ин кор хоҷат нест.
Занги барг (занги бур) низ касалии хафноки гандум мебошад, аммо назар ба занги зард камтар дучор мешавад. Растаниҳо ба сирояти ин касали назар ба сирояти занги зард дертар гирифтор мешаванд. Пустулаҳои хурди гирд дар тарафи болоии барг пайдо мешаванд ва инчунин метавонанд дар бағали барг инкишоф ёбанд. Дар холати пухтарасии гандум ранги пустулаҳо сиёҳтоб мегардад.
Сирояти занги бур дар растаниҳои сабз маҳфуз мемонад. Аз ин ру, дар ҷойҳое, ки зироати пешинакишт барои зимистонгузаронии замбуруғҳо мусоидат мекунад, касали тезтар инкишоф меёбад. Дар киштҳои гандуми барвақтӣ ҳангоми шабона гарм будани ҳаво, сироят захира мегардад ва баъдан ба зироатҳои киштҳои дерӣ- бахорӣ паҳн мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё