Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар вақти шартномабандии байни саҳмкорону пахтакорон дар бобати истеҳсоли пахта, ҳавасмандии моддии пахтакорон бояд пурра ба инобат гирифта шуда, бештар барои истеҳсоли нах шартномаҳо баста шаванд то ин, ки пахтакорон даромади заруриро аз пахтакорӣ ба даст оранд. Хуб мешуд, ки соҳибкорону тоҷиронро худи роҳбарони хоҷагиҳо, ҷамоатҳо ва ноҳияҳо дар асоси тенедри озод, дар асоси фоидаи иқтисодии ба даст меомадагӣ барои пахтакорон интихоб намоянд.
Дар сурати таҷдилдиҳии одилонаи замин, сохтори хоҷагидорӣ ва интихоби алтернативии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷомеавӣ, иҷоравӣ ва кооперативӣ метавон ба пешрафти ин соҳаи мухими кишоварзӣ ноил гашта, сатҳи зиндагии мардуми деҳотро бехтар сохт.
Гандум. Гандум яке аз зироатҳои асоси хўроки ба шумор рафта дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳур кишт карда меешавад.
Сарфи тухми дар як га 180-200 кг- ро ташкил медҳад. Мўҳлати кишти гандум вобаста ба минтақаи кишт ва фасли сол тирамоҳу аввали баҳор мебошад. Сарфи нуриҳои минералӣ вобаста аз ҳосилхезии замин ва зироати пешкиштшаванда метавонад 400-600 кг/га бошад (ҳамаи намудҳои нуриҳои минералӣ). Новбаста аз навъҳои киштшаванда гандум ба касалиҳои зерин дучор мешавад:
Занги (зардчаи) зард ё рах-рах яке аз касалиҳои хавфноки гандум дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва метавонад ба ҳосилнокии ин зироат зарари калон расонад. Барангезандаи ин касали замбуруғ мебошад, ки пустулаҳои он дар руи барг дар шакли рахҳои борики зард ё ин ки норинҷӣ чойгир мешаванд. Сирояти вазнини касалӣ метавонад руйпуши гул ва хушачаҳои гандумро низ захми гардонад. Спораҳои ин замбуруғ ба воситаи шамол метавонанд ба масофаи хеле васеъ паҳн шаванд.
Пустулаҳои занги зард дар боқимондаи растаниҳо, дар хок ва тухми маҳфуз мемонанд. Гандум, бахусус, растаниҳое, ки аз дони зироати пешинакишт неш задаанд, инчунин як қатор алафҳои бегона, ба мисли марғ (алафи аҷирикмонанд), низ ба ин касали гирифтор мешаванд. Аломатҳои аввалини сирояти занги зард дар киштҳои гандуми тирамоҳӣ дар ҷануби Тоҷикистон (водии Вахш) дар охири моҳи апрель ва дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд - дар аввали моҳи май мушоҳида мешаванд.

пешина
аз 164
навбатӣ