Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Сабаби чунин вазъият дар он аст, ки деҳқоне, ки ба истеҳсоли дигар маҳсулот банд аст, вай худаш маҳсулоти истеҳсолкардаашро дар бозор савдо мекунад. Вале маҳсулоти истеҳсолнамудаи пахтакорро сармоягузорон ва тоҷирон ба бозор мебароранд. Яъне дар пахтакорӣ сохиби мол дигару, махсулотро ба савдо мебаровардаги дигар кас мебошад.
Аз ин сабаб масалан деҳқоне, ки ба истеҳсоли картошка, шолӣ ва мевагӣ машғул аст дар ҳолати ҳосилнокии миёнаи ин зироатҳо метавонад аз 1 га замин нисбат ба деҳқоне, ки дар пахтазор кор мекунад, тақрибан 8- 13 маротиба зиёд фоидаи иқтисодӣ ба даст оранд.
Ҳамин тариқ барои пешрафти минбаъдаи пахтапарварӣ пеш аз ҳама ба базаи илмии тухмипарварӣ ва навъбарории ин соҳа аҳамити зарурӣ додан лизим аст.
Савияи дониши ҳуқуқии пахтакоронро пурзўр намуда, ҳавасмандии онҳоро дар асоси меҳнати онхо ба роҳ мондан лозим аст.
Дар амалияи пахтапарварӣ махсусан дар бораи яказироатии ин соҳа тағироти зарурӣ дароварда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар интихоби самараноки зироатҳои гуногун ба онҳо мустақилят додан лозим аст.
Дар оянда зиёд намудани истеҳсоли пахта бояд ба усули интесивӣ, яъне баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироат пеш аз хама аз тарафи пахтакорон дар асоси ҳавасмандии иқтисодии онҳо ва истифодаи оқилонаи ресурсҳои маҳалӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Махсусан барои зиёд намудани коргарди қисми зиёди пахта дар дохили ҷумхури бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар чунин сурат имкон дорад, ки даромади софи пахтакорӣ дар ҷумхури аз ҳар гектар даҳо маротиба зиёд гардад.
Ба хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат додани қарзҳои дарозмуддат аз тарафи бонкҳои ҷумхури, то ин ки онҳо лавозимоти заруриро худашон харидорӣ намоянд, ба манфиати пешрафти соҳа мебошад. Махсусан барои дастгирӣ намудани хоҷагиҳои оилавии деҳқонӣ дар соҳа кушиш намуда, дар кушодани сарҳисоб ва суратҳисобҳо ба онҳо кўмаки ҳаматарафаи ҳукуматҳои маҳал хело зарур аст.
Дар оянда дурнамои тараққиёти ин соҳа пеш аз ҳама бояд аз нақшаҳои амалии хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ҷамоату ноҳияҳо дар асоси ҳисобҳои аниқи иқтисодии пешакии онҳо (бизнес-нақшаҳо) бояд амали гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё