Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ба ҳамин тариқ даромади калон аз истеҳсоли пахта насиби сармоягузорон ва тоҷирон мегардад.
Дар як маҳфил бо мутахассисони хориҷӣ онҳо эрод доштанд, ки тоҷирону сармоягузорони мамлакати мо аз фоидаҳояшон бештар ба сохтани хонаҳои баландошёна машғуланд, ки ин кор дар марҳилаи ҳозира ба пешрафти ҷомеъа он қадар аҳамият надорад. Бисёр хуб мешуд, ки онҳо ин маблағҳои калонро дар сохтани корхонаҳои хурд дар чумҳури сарф менамуданд.
Алалхусус дар соҳаи пахтакорӣ барои коркарди пахта дар ҷумҳури. Ин кор чи қадар ба худи тоҷирон ва мардуми деҳот кўмаки иқтисодӣ мерасонд. Вале даромади софи соҳаи пахтакорӣ аз сабаби набудани назорати дуруст аз тарафи органҳои давлатӣ ва маҳалӣ дар ин раванд, ҳоло на барои деҳқон ва на барои рўшди соҳа сарф гашта истодаааст.
Чанде аз мушкилотҳо ва роҳҳои пешрафти ояндаи соҳа Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар як қатор ноҳияҳои пахтакории вилояти Хатлон муайян гашт, ки пахтакорон аз истеҳсоли пахтаи парвариш кардаашон даромади кофӣ намегиранд. Дар гузаронидани ин таҳлилҳо қариб 100 нафар мутахассисон, занҳо, иҷоракорон ва дигар шахсони масъули соҳаи пахтакорӣ ширкат варзиданд Дар маҷмўъ маълум гашт, ки барои истеҳсоли 20 сентнер ҳосили пахта дар 1 га тахминан 2646 сомон сарф мегардад. Аз ин миқдори ҳосил дар сурати баромади нах - 660 кг (дар ҳисоботҳо баромади нах 33% гирифта шуд), вазни тухум -1100кг, линт - 45 кг, пух ва улюк - 40кг, ғўзапоя - 900дарза будан, арзиши умумии маҳсулот ба 3594 сомон баробар шуд. (нархи 1 тона нахи пахта 1400 доллар гирифта шуд).
Даромади соф ба 948 сомон расида ва аз ин маблағ ба истеҳсолкунандаи пахта факат 350 сомон арзиши ғўзапоя монду халос. Сармоягузорон тахминан аз 1 га зиёда аз 500сомон фоида ба даст меоранд. Дар ҳолати баланд гаштани ҳосилнокии пахта фоидаи он низ мутаносибан ба фоидаи сармоягузорон ва тоҷирон меафзояд.
Агар сармоягузорон аз фоидаи ба даст омада кўмакро зиёдтар ба деҳқонон равона месохтанд, ҳавасмандии онҳо барои ривоҷ додани истеҳсоли пахта дар ҷумҳури зиёд мегашт.
Инчунин таҳлилҳои гузаронидаи мо нишон додаанд, ки пахтакорон нисбат ба дигар табақаи деҳқонон, ки ба истеҳсоли маҳсулоти дигари кишоварзӣ машғуланд, фоидаи камро ноил мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё