Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар Тоҷикистон васеъ паҳншавии касали дар киштҳои гандуми тирамоҳӣ дар моҳҳои май - июнь дида мешавад.
Усулҳои ҳимоя
Парвариши навъҳои ба касалии занги барг устувор (Чаггер, Кауз, Кенасил, Султон, Атои, Аттила, Норман, Тасикар, Зандер-12 ва г.).
Маҳв намудани алафҳои бегона ва зироатҳои аз дони пешинакишт нешзада.
Агар деҳқонон имконият дошта бошанд, дар васеъ паҳншавии касали ба киштҳои гандум заҳрхимикатҳо пошидан лозим аст.
Мисол, Альто, СК, 40% к.т., меъёр 0,2-0,25 л/га;.
Шолӣ. Шолӣ маҳсулот (ғизои) - и пархезӣ буда, дар таркиби худ то 80% оҳар ва сафеда дорад. Шолӣ ҳамчун зироати мелиоративӣ (шўяндаи намакҳо) аҳамияти муҳим дошта, аз нисф зиёди аҳолии сайёра шолиро ҳамчун ғизо истифода мебаранд.
Дар ҷаҳон бештар дар 150 млн. га (Ҳиндустон, Хитой Япония ва ғ.) кишт карда мешавад. Дар Осиёи Марказӣ шолӣ 2-3 аср қабл аз эраи мо парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон ҳанўз соли 1928 дар 15 ҳазор га ва аз он ҳам зиёдтар шолӣ кишт карда мешуд. Он дар водиҳои Ҳисор, Кўлоб, Вахш ва вилояти Суғд парвариш карда мешавад. Шолӣ ҳосилнокии зиёд – бештар аз 100 с/га – ро соҳиб аст. Вай бо талаботи зиёд нисбати гармӣ ва рушноӣ (растаниҳои кўтоҳрўз) – то 30000С ҳарорати фаъол, давраи нашвиаш вобаста аз 80-140 рўз, фарқ мекунад. Барои майсазании саросар ҳарорати 13-140С дар об ва хок, барои шоху навдабарорӣ 20-250С, гулкунӣ ва гардолудшавӣ 25-350С талаб карда мешавад. Дар хокҳои сангу торфдор парвариши шолӣ қобили қабул нест, истифодаи хокҳои вазнину гилин ва ботлоқгашта (РН-4,7 нисбати моддаҳои ғизоӣ серталаб аст) беҳтар аст. Дар давраи шоху навдабарорӣ истифодаи максималии моддаҳои ғизоӣ мушоҳида карда мешавад.
Шолӣ ба 2 зернамуд тақсим мешавад: муқаррарӣ ва кўтоҳдона.
Фарқияти онҳо ба дарозии дон вобастагӣ дорад: муқаррарии он 5-6 мм, кўтоҳдон 4-5 мм, дарозӣ доранд. Шолии муқаррарӣ ба 2 шоха – ҳиндӣ ва хитоӣ ҷудо мегардад. Аз ҷиҳати сохти таркиби навъҳои оҳардору часпаки он фарқ карда мешаванд.

пешина
аз 164
навбатӣ