Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Додани ариза ба Ҳукумати ноҳия ё ин ки шаҳр; 2. Ҳукумат аризаро ба Кумитаи заминсозии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мекунад; 3. Дида баромадани ариза аз ҷониби раиси ноҳия (шаҳр) ва ба Кумитаи заминсозии ноҳия додани супориш доир ба тайёр кардани парвандаи заминсозӣ, ки аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат аст:
  • санад ва нақшаи қитъаи замине, ки барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шудааст;
  • қарори заминистифодабаранда (колхоз, совхоз, межхоз, хоҷагиҳои саҳомӣ, кооперативию истеҳсолӣ) дар бораи додани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонӣ;
  • қарори ҷамоат дар бораи таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ);
  • маълумотномаи Кумитаи замини ноҳия дар бораи саҳми замин;
  • пешниҳоди Кумитаи заминсозии ноҳия дар бораи аз тарафи раиси ноҳия тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани замин;
  • қарори раиси ноҳия (шаҳр) оиди тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ дар бораи додани қитъаи замин ва таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ; 4. Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои замин дар бораи ҷудо кардани замин ва ба кумитаи давлатии заминсозии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани аснод ҷиҳати додани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин; 5. Бақайдгирии давлатии сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дар Кумитаи заминсозии ноҳия (шаҳр) ва ба замин истифодабаранда додани он; 6. Протокол ва нақшаи гузаронидани сарҳади заминистифодабар дар маҳал; 7. Ба қайди нозироти андози давлатӣ гирифтан ва аз қайди ИНН гузаронидан;
  • мактуби хоҷагии деҳқонӣ барои бақайдгирии қарори ҳукумат (нусха);
  • барои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкати оддӣ нусхаи шартнома дар бораи таъсиси ширкати оддӣ ё шартнома дар бораи фаъолияти шарикона;
  • протоколи маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ).
пешина
аз 164
навбатӣ