Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Хоҷагии деҳқонӣ сохтор ва тарзи истеҳсолотро бо назардошти манфиатҳояш мустақилона муайян мекунад ва метавонад ба ҳаргуна навъи фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад.
Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ манъ аст.
Хоҷагии деҳқонӣ ( фермерӣ)ҳамчун дигар шаклҳои хоҷагидорӣ (колхоз, совхоз, хоҷагиҳои саҳҳомӣ, кооперативию истеҳсолӣ ва ғ.) субъекти мустақил ва ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисодӣ мебошад.
Хоҷагии деҳқонӣ бо назардошти манфиатҳои худ метавонад ба ҳама гуна фаъолияте, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат (зиддият) намекунад, машғул шавад. Яъне дар замин озодона фаъолият барад.
Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ва шахсони мансабдори он, ки аз рўи назардошти қоннгузорӣ пешбинӣ накарда бошад, манъ карда мешавад.
Моддаи 6. Ҳуқуқ ва шаклҳои ташкили хоҷагии деҳқонӣ Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои қобилияти амал аст, ҳуқуқ дорад хоҷагии дехконӣ ташкил кунад.
Хоҷагии деҳқонӣ дар шаклҳои зерин буда метавонад:
а) хоҷагии деҳқоние, ки ба соҳибкории инфиродӣ асос ёфтааст;
б) хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли соҳибкории оилавӣ сурат мегирад ва он дар заминаи моликияти якҷоя аст; в) хоҷагии деҳқоние, ки дар шакли ширкати оддӣ дар заминаи моликияти умумии ҳиссагӣ ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якҷоя асос ёфтааст.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобили меҳнат аст, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба меҳнат»
ҳуқуқ дорад, ки хоҷагии деҳқонӣ ташкил диҳад. Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар шаклҳои соҳибкории инфиродӣ ва оилавӣ, ширкати оддӣ дар заминаи моликияти шахсӣ ва умумӣ ташкил карда шавад.
Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ як қатор ҳуҷҷатҳо лозим аст.
Намуди ҳуҷҷатҳо ва тартиби ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар роҳнамои зерин оварда шудааст.
Роҳнамо оид ба таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ:

пешина
аз 164
навбатӣ