Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кормандони системаи агромаркетингӣ бевосита маҳсулот ба вуҷуд намеорад, вале дар мавриди истеҳсолоти маҳсулот ва нигоҳ доштани сифатҳои он, таъмини молҳои асосӣ ва дигар навъи корҳо доир ба талаботи истеъмолкунандагон фаъолияти муайяни ташкилотӣ ва тиҷоратиро ба амал мебароранд. Ва ҳамчун таркибии кори истеъмолиро ба ҷо меоранд, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷот, талабот ва манфиати истеъмолкунандагон равона гардидаанд. Самарабахши хоҷагидорӣ ва агробизнес дар муассиса ва иттиҳодияҳои КАС аз ҷиҳатҳои васеъ ва маҳдуд баҳо дода мешавад: дар мавриди аввал ҳамчун қонеъ сохтани талабот ва истеъмолкунандагон ва таносуби нишондодҳои босамар бо андозаҳои системаҳои агробизнес, дуюм ҳамчун системаи нишондодҳои минтақавӣ ва хусусӣ, ки системаи унсурҳои ҷудогона ва зерсистемаҳои агробизнесро тавсиф менамоянд.
Сифат ва самарабахшии корҳои системаҳои агромаркетингро чунин омилҳо таъмин менамоянд:
-илмияти коркарди методҳои муайян намудани андозаҳои ташкилӣ ва самарбахшии амалиётҳои системаҳо;
-баҳои объективонаи миқдорӣ, миқдорию сифатӣ ва сифатии онҳо;
-ба вуҷуд овардан ва татбиқи системаҳои ратсионалии баҳо ва идора намудани ин системаҳо;
-муайян намудани сатҳи ташкилӣ ва самарбахшии системаҳои агромаркетинг ва зоҳир сохтани захираҳои мукаммалгардонии онҳо;
-кор карда баромадану татбик намудани самтҳо ва роҳҳои оқилонаю самарбахши системаҳои агромаркетинг.
Самарабахши системаҳои агромаркетингро се гурўҳи нишондодҳо тавсиф менамоянд:
- Нишондодҳои ташкилӣ; 2. Нишондодҳои фаъолият; 3. Натиҷаи нишондодҳои самарбахши системаҳо.
Нишондодҳои якуму дуюм чигунагии ташкил кардан, ба роҳ монда шудани система, то кадом андоза таъмин будани самарбахши фаъолияти онро инъикос менамоянд. Гурўҳи сеюми нишондодҳо натичаи фаъолияти системаҳои агромаркетингро тавсиф менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё