Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Методикаи муайян намудани самарбахшии системаҳои агромаркетинг чунин муайян карда шудаанд: якум, инъикос намудани моҳият ва мундариҷаи меъёрҳои умумӣ ва маҳдуд; дуюм соҳиб будан ба имкониятҳои идора намудани ҷараёни фаъолияти агромаркетингӣ; сеюм ба тариқи миқдори сифатӣ ва миқдорию сифатӣ ифода намудани ҳамаи давраҳо, амалиётҳои асосӣ, усул ва амалиёти технологӣ; чорум ба қайд гирифтани нишондодҳои ниҳони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқии қонеъ сохтани талаботи истеъмолкунандагон; панҷум таъмин намудани баҳои объективӣ, боварибахш дастрас ва саривақтӣ.

БОБИ 6. МЕНЕҶМЕНТ
Дигаргунсозии куллии низоми идоракунии иқтисодии ба муносибатҳои бозорӣ гузаранда, яке аз самтҳои муҳими бозсозиҳо дар мамлакати мо мебошад. Ин проблема дар сатҳи корхона, ки вазъияташ дар шароити иқтисоди бозоргони қуллан тағйир меёбад аҳамияти махсус дорад.
Корхона объекти муносибатҳои пулию-молӣ гашта, соҳиби мустақилияти иқтисоди ва аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории худ пурра ҷавобгў буда, бояд низоми идоракуниашро (менеҷментро) чунин ташкил кунад, ки дар бозор самаранокии баланди кор, қобилияти рақобат доштан ва устувориро таъмин карда тавонад.
Хулоса, ташкилотҳо ҳамаи хусусиятҳоро барои фаъолият намудан дар шароити иқтисоди бозаргони соҳиб мешаванд. Ин бошад хеле васеъ шудани ҳудуди идоракуни ва худидоракуниро талаб мекунад, ҳаҷми кори менеҷерро зиёд мекунад, ҳарактери онро мураккаб мекунад.
Менеҷменти корхонаи дар муҳити бозор фаъолияткунанда нисбати персонали идоракунанда талаботҳои баланди профессионалӣ мегузорад. Идоракунандаи имрўза – ин шахсест, ки асосҳои умумии фанни идоракуниро медонад, дар соҳаи стратегияи идоракунӣ, навоварӣ (инноватсия), маркетинг, идоракунии персонал ва истеҳсолот донишу малакаи махсус дорад.
Аслан ҳамин гуфтаҳо таркиби васоити таълимиро муайян намудаанд, ва муаллиф дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ба хонанда он донишеро диҳад, ки барои ба амал баровардани ҷараёни умумии идоракунии ташкилот ва персонали он, инчунин барои кори менеҷменти стратегӣ ва истеҳсолӣ заруранд.

пешина
аз 164
навбатӣ