Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Фурўши маҳсулоти аграрӣ аз систеами муносибатҳои ташаккулёбанда ва ҷараёни самтноки молу ҳадамоте иборат мебошад, ки ба ҳаракати маҳсулот аз истеҳсолкунандагон то ба истеъмолкунандагонро мусоидат менамояд. Фурўш вақте оғоз меёбад, ки мол барои фурўш расондан омода бошад, ки истеъмолкунандаи ниҳоии молро ба даст меорад. Азбаски истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунадагон дар масофаи муайян, дар фазою вақт қарор доранд, мол як қатор бандҳои фосиладорро мегузарад.
Системаи фурўши маҳсулоти кишоварзи ҳиссаи таркибии системаи маркетинги КАС ба ҳисоб меравад. Охирин инфраструктураи маркетинг, системаи тадқиқоти маркетингӣ, ҳамчунин системаи идоракунӣ ба василаи маркетингро дар бар мегирад.
Инфраструктураи маркетинг ин системаи фуруши соҳаҳои таъминкунандаи он ва системаи шабакаҳои маркетингӣ ба ҳисоб меравад.
Системаи фурўш имкон дорад, ки дар сатҳҳои гуногуни молистеҳсолкунандагон, минтақа ё соҳа, соҳаи аграрии сектори хоҷагии халқ аз назар гузаранд.
Самаранокии фуруши маҳсулоти кишоварзӣ муайян менамояд, ки хоҷагии кишоварзӣ дар тақсимоти меҳнати ҷамъияти то кадом дараҷа ҳамбастагӣ (интегратсия) дорад. Дар мавриди дигар шароитҳои муттаносиб аз ташкили сектори фуруш ҳамчунин чигунагии ташаккул ёфтани арзишҳои (нархҳои) истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон дар мавриди таклифоту талаботи мазкур ба молҳои аграрӣ вобастаги дорад.
Дар мамолики пешрафта соҳаи фуруши маҳсулоти озуқаворӣ хеле ҳам инкишоф ёфтаву аз ҷониби қонунҳои бозор ба танзим дароварда шудааст.
Бозори хоҷагии кишоварзӣ - ин макони фуруши молҳои ин соҳа ва хадамоти муассисаҳо ба шумор меравад. Вай истеъмолкунандагони вокеӣ ва қудратмандро, ки муассисаҳо молу хадамоти худро пешниҳод менамояд, муттаҳид месозад. Ба ташаккули самарабахши хоҷагии кишоварзӣ ва соҳаи фуруши маҳсулоти аграри, тадбирҳои давлатӣ доир ба танзими бозорҳои кишоварзӣ метавонанд мусоидат намоянд.
Инкишофи махсусгардони ва татбиқ намудани технологияи нави истеҳсолот дар бобати фуруши маҳсулот ба якчанд тамоил оварда мерасонанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё