Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҷиҳатҳои таъминеоти маркетингии омўзиши бозори фурўши ва ҳаракати маҳсулот бо ҳамин алоқаманд мебошад.
Панҷум - шаклҳои гуногуни моликият дар КАС нисбати замин ва воситаҳои истеҳсолот; Шашум - шаклҳои гуногуни ташкилии хоҷагидорӣ; Ҳафтум - нобаробар ва гуногунмоҳиятиву сатҳи татбиқи фаъолияти маркетинг; Ҳаштум - ҳассосият, таъсирпазир, мутобиқшавӣ, худташкилӣ, худидоракунии нисбатан баланди системаи агромаркетинг дар муқоиса бо системаи навъҳои дигари он; Нўҳум - махсусияти амалии агромаркетинг дар сатҳи пасттар қарор доштани илму санъати фаъолияти маркетинг дар муқоиса бо дигар навъҳои вай.
Функсияи маркетинг аз маҷмўи фаъолияти маркетингии устувор, тақсимпазир ва самтҳои ба худ хос иборат мебошад, ки ҳангоми омода намудану татбиқи қарорҳо иборат буда, ин қарорҳо аз ягонагии объект ва ҳадафҳои маркетинг сарчашма мегиранд.
Дар ҷараёни фаъолияти маркетинг функсияҳои умумӣ ва мушаххас бо ҳам алоқаманд мебошанд. Ҳангоми татбиқи ҳама гуна функсияҳои мушаххас ҳамаи функсияҳои умумӣ ба иҷро мерасанд. Ба функсияҳои умумии маркетинг инҳо дохил мешаванд: идоракунӣ; корҳои ташкилӣ; ба нақшагирӣ; ташхис намудани ҳадаф; баҳодиҳӣ; таҳлил; баҳисобгири, назорат бурдан ва ҳоказо.
Ба функсияҳои мушаххас инҳо марбут мебошанд: омўзиши бозор, истеъмолкунанда ва талаботи он; таҳлили муҳит; татбиқи сиёсати мол; таъминот бо молҳои асосӣ; ташаккули нарх ва сиёсати нарх; ҳаракати мол ва фурўши маҳсулот; фаъолияти тиҷоратӣ; маркетинги байналмиллалӣ; фаъолияти баҳисобгириву молиявӣ; идора кардани маркетинг.
Азбаски дар байни функсияҳои дар боло оварда аз назари мо таҳқиқи бозор муҳимтар ба назар мерасад, онро муфассалтар дида мебароем.
Дар байни ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар ҷумҳурии мо тараққиёти хоҷагии кишоварзӣ бартарӣ дорад. Аз ин рў, дар ин маврид тадқиқи бозори кишоварзиро дида мебароем.

пешина
аз 164
навбатӣ