Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

кумитаи қарз дар бораи додан ва рад кардани талабнома қарор қабул мекунад; 6. барои додани заём ҳуҷҷатҳои зарурӣ тайёр мекунанд; 7. ин марҳилаҳо дар системаи ахборотии сети ба қайд гирифта мешаванд, инчунин натиҷаи мониторинги доимӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Талаботҳо ба фермерон-қарзгирандагон.
Барои иштирок кардан ба нақшаи микромаблағгузорӣ фермерон бояд ба як қатор талаботҳо ҷавоб диҳанд:
аз 18 сола боло буда, агробизнес ё хоҷагии фермерии худро дошта бошад. Метавонад аъзои ассосиасияи хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад; бояд таҷрибаи 6-моҳаи корӣ дар соҳаи агробизнес дошта бошад; аз руи дигар нақшаҳои микроқарздиҳӣ бояд қарздор набошад; аз тарафи ташкилотҳои микромолявӣ курсҳои омўзиширо гузашта бошад; аъзои гуруҳи якдилию масъулятнокӣ буда, ягон нафари ин гуруҳ муқобили ба ў додани қарз нестанд.
Ўмедворем, ки қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қобили қабул мегардад ва пешниҳодоти мо оиди амали намудани он роҳнамое мегардад.

БОБИ 5. АГРОМАРКЕТИНГ
Дар олами мураккаби имрўза мо бояд аз илмӣ маркетинг бохабар буда, ба моҳияти он сарфаҳм равем. Ҳангоми фурўхтани мошин, ҷустуҷўи кор, ҷамъоварии маблағ барои эҳтиёҷоти хайрот (хайрия) ё дар мавриди тарғиби ғоя мо бо маркетинг сару кор дорем. Ҳамаи мо бояд донем, ки моҳияти бозор аз чӣ иборат аст, ки ба он таъсир мерасонад, вай чӣ гуна амал мекунад ва талаботи он аз чӣ иборат аст.
Моро лозим аст, ки ба моҳияти маркетинг сарфаҳм равем ва дар нақши мо истеъмолкунандагон касе ҳамеша кушиш менамояд, ки чизеро фурўшад ва мо бояд ба методҳои истифода бурдани фурўш сарфаҳм равем. Фаҳмиши маркетинг имконият медиҳад, ки мо ба сифати истеъмолкунандагон (чи ҳангоми хариди хамираи дандоншўи ва гўшти мурғи яхбандондашуда) оқилона рафтор намоем.

пешина
аз 164
навбатӣ