Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Фермероне, ки дар ассосиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шомиланд, барои пеш бурдани корҳои кишоварзӣ ГМЯ ташкил медиҳанд.
    Ассотсиатсия дар ин ҳолат ба ғайр аз ёрии гуруҳӣ расондан, метавонад дар ташкили ГМЯ кўмак кунад (миқдори қарз барои аъзоён аз 500 то 2000 $, миқдори фоиз - 3,5%).
    Умумӣ барои ҳамаи ГМЯ аз 5000 то 20000 $.
    Кафолати баргардонидани қарз:
    Аз нуқтаи назари мо барои зиёд намудани кафолати баргардонидани қарз, гарав ва амонатро истифода бурдан зарур аст. Арзиши гарав ё амонат барои ҳар аъзои ГМЯ аз 300 $ зиёд бошад.
    Мўҳлатҳо: Мўҳлати пардохти қарзҳо, реҷаи додани қарзҳо барои ҳар як фермер аз руи бизнес-нақша ва кэш-флоу (гардиши пули нақд) ба тариқи шахси муайян мегардад.
    Ҳар аъзои ГМЯ дар дараҷаи аввал қарзи фоизҳоро , ки он ба оғози ҳар даври қарздиҳӣ рост меояд, пардохт менамояд. Давраи сабукидиҳӣ, дароз кардани мўҳлати баргардонии маблағи асосии қарз аз руи бизнес-нақша ва кэш-флоу ба тариқи шахсӣ муайян мегардад.
    Миқдори фоиз: Миқдори фоизи муқарраркарда шуда бояд хароҷотҳои пешбинишудаи хизматӣ молияро пушонад. Миқдори фоиз бояд хароҷотҳои муомилотӣ, захираи нестшавии қарз, беқурбшавии пулро пушонад ва ғайра. Ташкилотҳои микромолиявӣ миқдори фоизро чунон муқаррар мекунанд, ки мизоҷони пурқувват пеш аз он, ки ба лоиҳа иштирок кунанд, миқдори фоизро донанд.
    Миқдори фоизи ба назардошташуда аз рўи модели микромаблағгузорӣ ба тариқи тафриқавӣ муқаррар карда мешавад. Ба назар гирифта шавад, ки Кодекси андоз оид ба андозбанди НКО, ки ба микромаблағгузорӣ машғул аст, нишондоди (инструкция) махсус надорад.
    Марҳилаҳои ташкилёбӣ ва тараққиёти гуруҳҳои масъулиятноки якдилӣ (ГМЯ):
  2. дар марҳилаи якум гуруҳҳо ихтиёран ташкил мешаванд; 2. дар рафти омўзиш аъзоёни ГМЯ бизнес-нақшаи худро тартиб медиҳанд; 3. пас ГМЯ барои ба ҳар як аъзояш дар бораи додани заём мустақилона қарор қабул менамоянд; 4. агенти микромолия ба ҳар талабнома хулоса медиҳад; 5.
пешина
аз 164
навбатӣ