Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 2. Қонунҳои оиди иҷора Муносибатҳои иҷоравиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур ва дигар актҳои қонуни Ҷумҳурии Тлҷикистон танзим менамоянд.
Моддаи 3. Соҳа ва объектҳои иҷора Иҷора дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.
Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:
а) замин ва дигар захираҳои табии; б) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияҳо, истеҳсолот, сехҳо ва дигар соҳаҳои корхонаю ташкилотҳо, ҳамчунин комплексҳои, ягонаи молу мулки фондҳои истеҳсоли ва дигар сарватҳо; в) биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом, дигар сарватҳои моддӣ.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои (гуруҳҳои) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо ва намудҳои амволеро, ки ба иҷора дода намешаванд, муқаррар мекунад.
Моддаи 4. Иҷорадеҳон
Мулкдор молу мулкашро, аз ҷумла ба шахсони юридикӣ ва воқеии хориҷӣ иҷора дода метавонад. Дар мавриди моликияти давлатӣ бошад, ин ҳуқуқ вобаста ба шакли моликият ба мақомоти идораи амволи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дода шудааст. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуқуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёри пурраи хоҷаги ва ё идораи оперативии онҳо мебошанд, ба иҷора диҳанд ва мулкдорро аз ин ҳатман воқиф гардонанд.
Замин ва дигар захираҳои табииро Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ба иҷора медиҳанд, аз ҷумла дар асоси озмун.
Колхозу совхозҳо ва корхонаҳои дтгари хоҷагии қишлоқ заминҳои ба ихтиёри худ гирифтаро метавонанд мустақилона ба иҷора диҳанд.
Моддаи 5. Иҷорагирон Шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқи бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи иҷорагир буда метавонанд.

пешина
аз 164
навбатӣ