Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Моддаи 7. Шартномаи иҷора
Шартномаи байни иҷорагиру иҷорадеҳ ҳуҷҷати асосие мебошад, ки муносибати байни онхоро танзим мекунад. Он дар асоси ихтиёри ва баробархукукии пурраи тарафхо имзо карда мешавад.
Шартномаи ичора инхоро пешбини мекунад: таркибу арзиши молу мулки ба ичора додашаванда, андозаи ичорапули, мухлати ичора, таксими вазифахои тарафхо дар бобати пурра баркарор ва таъмин кардани молу мулки ичорави, вазифаи ичорадех дар хусуси ба ичорагир додани амвол дар холате, ки ба шартхои шартнома мувофик бошанд. Вазифаи ичорагир дар бобати мувофики талаботи шартнома истифода бурдани молу мулк, масъулияти ичорагир дар бахши сари вакт додани ичорапули ва баъди ба охир расидани мухлати шартнома ба ичорадех баргардондани молу мулк дар холати пешбиникардаи шартнома, шартхои харида гирифтани амволи ичора ва дигар шартхои мохиятнок.
Ба шартномаи ичора вазифаи ичорадех дар бобати таъминоти моддию техники, расондани ёри барои тараккиёти истехсолот, татбики комёбихои илму техника ва технологияи пешкадам, нав кар дани техникаи истехсолот, тараккиёти ичтимои, расонидани кумаки ахборотию машварати ва дигар хел ёриву мадад, мададгори дар боби таиёр кар дани кадрхо, мухаиё намудани шароити зарурии ис-тифодаи самарабахши молу мулки ба ичора гирифташуда ва дар холати хуб нигох дрштани он дохил шуда метавонад.
Арзиши молу мулки ба ичора гирифташуда дар шартнома бо назардошти бахои амвол дар лахзаи ба ичора супоридани ваи бо Кимати асли, бокимонда, баркароршуда ё бозори муаиян карда мешавад.
Давоми Мухлати хизмати амволи ба ичора додашуда бо созиши тарафаин на зиеда аз мухлати нави хурдашавии пурраи он, ки ба нормам амортизатсия мутобикат мекунад, мукаррар карда мешавад.
Тарафхо дар сурати ичро накардан ва ё пурра ичро накардани ухдадорихои шартномаи ичора, аз чумла барои яктарафа тагиир додан ва вайронкунии шартнома дар асоси Конун ва шартнома чавобгаранд.

пешина
аз 164
навбатӣ