Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Агар муҳлати барраси ва қабули қарор оид ба ин масъала риоя нагардад, ашхоси гунаҳкор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар сурати надодани қитъаи замин шаҳрвандон метавонанд бо тартиби даъво ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 69. Ҳуқуқи шаҳрвандони машғули хоҷагии деҳқонӣ ба гирифтани ҷуброн.
Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба дигар ашхоси юридикӣ ва ё вокеӣ бо қарори кумитаи маҳаллии замин заминистифодабаранда ҳақ дорад аз шахсони воқеӣ ва юридикӣ ҷуброни пурраи хароҷоти ҳосил, инчунин хароҷоти барои беҳбудии сифати замин харҷшударо гирад.
Моддаи 70. Ба шахси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин.
Шаҳрвандони машғули хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар сурате, ки пас аз ду соли гирифтани қитъаи замин барои истифодаи меросии якумра хоҳад, ки фаъолияти хоҷагидориро қатъ кунад, метавонад ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба шахси дигар ё гуруҳи ашхос мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекс диҳад. Ҳуқуўи якумдараҷаи истифодаи қитъаи заминро аъзои ассотсиатсияҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки хоҷагии деҳқонии (фермерии) мазкур ба он дохил аст, доранд.
Ҳангоми ба шахси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барасмиятдарории такрории Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин мутобиқи шартҳои муқаррар намудаи кодекси мазкур сурат мегарад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иқтибосҳо)
Моддаи 1. Иҷора
Иҷора ба максади зиёд намудани истехсоли махсулот, баланд бардоштани хосилнокии мехнат ва дар ин асос бехтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.
Иҷора дар асоси шартнома ба муҳлати муайян бо подош ихтиёрдори ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табии, корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хочагӣ ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё