Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Васеъ кардани орухона ва гармкардани оилаҳо.
5. Парвариши занбурҳои зоти ва нероӣ.
Зиёдшавии сунъи – ин дуюм усул, ки дар ҷумҳурӣ занбурпарварон истифода мебаранд. Ба онҳо фарғучи ҷамъшуда ва шахси дохил мешавад, тақсими оилаҳо ба парвоз, ҳўҷум ба модина гузаронида мешавад.
Ислоҳкунии оилаҳо аз занбури коркун. Дар оилаҳое, ки ягон муддат занбурҳои модда набуданд онҳо ба нарзанбурҳо, занбурҳои кори табдил меёбанд. Ин оилаҳо тараққӣ намеёбанд, ба онҳо ёрии занбурпарвар лозим аст. Ислоҳи ингуна занбурҳо кори хело мушкил аст, зеро онҳо занбурҳои моддии кориро ва модинаҳоро нобуд мекунанд. Инхел оилаҳоро аз пасика дур бароварда ба болои сабзаҳо метаконанд, азбаски онҳо парида наметавонанд, дар онҷо мемонанд. Дигар усулаш он ки модинаҳоро дар таги зерпуш мондан, ҳамси модинаҳоро нобуд мекунанд.
Мубориза бо дуздии занбур. Дар набудани асал дар ҳолати ҷамъоварӣ дар пасека занбурҳо дуздиро сар мекунанд. Барои пешгири сурохии қуттиҳоро кам мекунанд. Агар дузди оммавӣ гардад пасекаро ба дигар ҷой мебаранд.
Баровардани занбурҳои модина. Таҷрибаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки маҳсулотноки ва зиндамонии занбурҳои асал аз сифати модинаҳо вобаста мебошад. Барои ҳамин ҳар сол ё як сол пас модинаҳоро бояд иваз кард. Олимони булғор ва русс ақида доранд, ки модинаҳо дар ду мавсим истифода шаванд. Дигарон дар он ақидаанд, ки занбурҳои зотӣ бештар истифода шаванд, чунки онҳо қобилияти насли хуб додан доранд. Усулҳои зерини баровардани модинаҳо ҳаст.
Якум – оиласозӣ, дуюм – суроҳӣ, сеюм – сунъи баровардан.
Аз ҳама бехтараш усули сунъи гирифтани модина, пас аз оиласози ва охирон сурохи мебошад.
Дар ҷумҳурии мо дар моҳи апрел модинаҳо бароварда мешаванд.
Тайёрии оилаҳои занбури асал ба ҷамъоварии асал. Ҷамъоварии асал дар ҷумҳурӣ 3-4 ҳафта давом мекунд, аз ин ҷиҳат оилаҳои пурқувват ба мавсим бояд хуб тайёр шаванд. Тайёрии пешкаши ба ин кор ба оиласозӣ ва қафомонии он ба кам гаштани хўроки онҳо меоварад. Ҷамъовари ба баҳорӣ, тобистонӣ ва дертари тақсим мешавад. Дар ҷумҳури асосан ҷамъоварии тобистониро (июн-июл) истифода мебаранд, дар ин вақт гулкунии алафҳои беҳтарин мушоҳида мешавад.

пешина
аз 164
навбатӣ