Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар вақти зиёдшавии насл дар оруҳонаҳо ҳарорат ба 34-350с мехезад, барои ҳамин зарур аст, ки занбурхонаҳо аз тигаҳ ва боло гарм карда шавад, орухона кам шавад. Ин ҳолатҳо барои кам кардани хўрока, нигоҳдоштани ҳарорати муътадил мусоидат карда барои зиёдшавии тухммони ва коркарди хароҷоти қувваи занбур ёри мерасонанд.
Ташкилкунии асали канду. Ҳар занбурпарвар вазифадор аст, ки захираҳои калони асали қанду барои инкишофи замбурпарварӣ ташкил кунад. Бо нарасидани асали қанду тухмони ва афзоиши оилаҳо кам мегардад, миқдори ҷамъоварии асал кам ва сифаташ паст мешавад. Сифати асали қанду барои замбурпарварӣ аҳамияти ҷидди дорад. Таҷрибаҳои бисёр сола шаҳодат медиҳанд, ки асали кандуи нав ҳосили зиёд мегиранд. Аз асали қандуи куҳна занбурҳои сифати паст пайдо шуда, сифати ҳимояи гаронии онҳо кам мешавад.
Барои тайёр ва зиёд кардани асали қанду дар чарогоҳ (пасека) занбурпарвар омилҳои зеринро тайёр кунад – миқдори шаҳд ва чанги гули, синни занбурҳо ва миқдори он, сифати бачадон, ҳароратзоти занбурҳо ва хосиятҳои ҳосили онҳо ба эътибор гирифта шавад. Қайд кардан зарур аст, ки ҷудокунии асал аз даромадани шаҳд ба орухона вобаста аст аз ҳамин лиҳоз агар хўрока ками кунад, бояд занбурҳо ба дигар ҷой гузаронида шаванд, ё захираи хўрока ва гарди гул доштан даркор.
Оиласозии занбури асал - ин яке аз роҳҳои афзоиши он. Исбот шудааст, ки оиласозии занбури асал барои зиёдшавии маҳсулотнокии занбур, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва арзиши аслии маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад. Дар вақти тайёри ба оиласозии бачадони занбур ба тухммони маҳдуд мегардад, сохтумони асали қанду (сотов) қатъ мегардад, ҷамъоварии шаҳд ва гарди гул кам мешавад. Дар вақти оиласозӣ дар пасека (ҷой қуттиҳои асал гузошташуда) навбатдори барои доштани занбурҳо ташкил мекунанд. Пешаки тайёр карда мешавнд улҳо рамка бо сурохиҳои вешин оиласози, кафлез ва ғайра. Занбурҳои ҷамъии ба орухонаҳо аз тарафи бегоҳ шинонда мешаванд. Барои огоҳонидан аз оиласозии зеринро истифода мебаранд.

  1. Сари вақт ҷудо намудани насли бо камол расида.
  2. Нигоҳдоштани модинаҳои ҷавон.
  3. Занбурҳоро барои сохтани асали қанду ба кор таъмин кардан 4.
пешина
аз 164
навбатӣ