ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо овардани ин панду андарз шоир ишора бар он дорад, ки достони “Хирадномаи Искандарӣ”-ро ба чашми ибрат мутолиа намояд.
Дар достони “Силсилат-уз-заҳаб” бошад панди шоир аз забони қаҳрамони достон Маъмун ба унвони фарзандаш баён мешавад:
Зевари шоҳ васфи шоҳӣ бас, Гў мадеҳ дил ба зару зевари кас Ба писар гуфт як шабе Маъмун К-эй дар иқболу бахт рўзафзун Чун расад навбати хилофати ту Ҳирси дунё мабод офати ту Сермушкил шавад аз он зару сим Ки кашад гаҳ зи бева гаҳ зи ятим Дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” Абдураҳмони Ҷомӣ боберо таҳти унвони “Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф” қабл аз хотимаи китоб меорад, ки басо ҷолиб аст:
Эй тозаназар ба лавҳи кавнайн Чун мардуми дида қудрат-ул-айн Соли ту агарчи ҳафту ҳашт аст Дилро ба ҳавот бозгашт аст....
Ҳуш дор, ки бошад андар ин роҳ, Аз ҳашмату ҷоҳ канда сад чоҳ Аз кўрдилӣ зи раҳ наяфтӣ, Чун кўрдилон ба чаҳ наяфтӣ...
Дар табъи ту гар қабули панд аст, Ин панд, ки гуфта шуд басандаст Дар поёни достони “Юсуфу Зулайхо”фасле омадааст таҳти унвони “Дар панд додан ва банд ниҳодани фарзанди арҷманд...”, ки ниҳоят ҷолиб аст ва суханвар андешаҳои ахлоқиву тарбияви хешро баён кардааст. Дар оғоз Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор