Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

сабаби насиҳат гуфтанашро иброз мекунад, ки он ба хотири дар амал татбиқ намудани фарзандаш мебошад:
Таваллокуллаҳ эй фарзона фарзанд, Нигаҳдори ту бод аз бад худованд.
Зи ҳар пандат диҳад он баҳрамандӣ, Ки вақти ҳоҷат онро кор бандӣ Дар идома Ҷомӣ аз он ҳикоят мекунад, ки умри ў аз ҳафтод гузаштаасту аз зиндагии ба сар бурдааш розӣ нест ва аз назари шоир онро бар ҳадар гузаронидааст ва дигар имкони ислоҳ надорад. Аз ин рў, фарзандро талқин медиҳад, ки ба қадри вақту соати умр бирасад:
Маро ҳафтод шуд соли туро ҳафт, Туро меояд иқболу маро рафт
Парешонам зи умри рафтаи хеш, Малул аз солу моҳу ҳафтаи хеш Зи ман киште, ки кор ояд наёяд, Гуле афзун зи хор ояд, наёяд Чи суд акнун ки кор аз даст рафтаст, Зимоми ихтиёр аз даст рафтаст Ту ҷаҳде кун, ки дар каф моя дорӣ Ба фарқ аз чатри давлат соя дорӣ Баъдан суханвар дар бораи ба чи сарф кардани соату вақти умр сухан мекунад. Ў фарзандашро ба омўзиши илму дониш талқин менамояд ва инсони доноро ба зиндаву нодонро ба мурда баробар медонад:
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав, Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав Бувад маълуми ҳар озод банда, Ки нодон мурдаву доност зинда Интихоби касбу кор ва илмро низ Ҷомӣ муҳим мешуморад ва пешниҳод мекунад, ки илмро бо амал пайванд бояд кард, вагарна аз он суде нест:
Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,
Ба илме рав к-аз онат нест чора Чу касби илм кардӣ дар амал кўш Ки илми беамал заҳрест бенўш Чи ҳосил з-он ки дорӣ кимиёро Миси худро накарда зарри соро Ихлосу муҳаббат ба касбу кор низ аз назари Ҷомӣ муҳим аст.

пешина
аз 601
навбатӣ