Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар радифи силсилаи андарзномаҳову пандномаҳои форсӣ-тоҷикӣ осори ахлоқии Рўдакиву Фирдавсӣ, Низомиву Носири Хисрав, Саъдии Шерозиву Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, мероси адабии Абдураҳмон Ҷомӣ ҳамчун асори ахлоқиву тарбиявӣ дорои арзиши баланд мебошад.
Муҳимтарин хусусияти тарбиявии нигоштаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун ифодакунандаи суннати деринаи мардуми тоҷик, насиҳат кардан ба фарзанд мебошад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба масовои насиҳат ё насиҳатнома ба унвони писари ягонааш Зиёуддин Юсуф қариб дар аксари асарҳояш панду андарз гуфтааст.
Аз ҷумла, дар асарҳояш монанди «Тўҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул аброр», «Юсуфу Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ» фаслҳои алоҳидаро ба насиҳату панди нури чашмаш бахшидааст. Чунончи дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» меоварад:
Биё эй ҷигаргўша фарзанди ман Бинеҳ гўш бар гавҳари панди ман Садафвор биншин гаҳе лабхамўш Чу гавҳар фишонам ба ман дор гўш Шунав панду дониш ба он ёр кун, Чу донистӣ он гоҳ ба он кор кун Абдураҳмони Ҷомӣ дар сиюпанҷ байт пандномаи худ дар ин боби достон ба масъалаҳое даст мезанад, ки донистани онҳо барои такмили ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи фарзандаш муҳим аст. Дастурҳои шоир ба фарзанди азизаш ин роҳнамои падар ба фарзанд аст, ки ўро бо рисолати инсонӣ ва вазифаҳои дар дўш доштааш ошно мекунад. Худдорӣ аз тамаъ, эҳтироми пирон, побанди зару сим набудан ва монанди ин меҳвари панди шоирро ташкил мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ