ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ё худ, камтарин инсонҳо ба арўсу домод ба ҷои ҳадяҳои пуливу молӣ китобҳои бузургони миллатамонро эҳдо менамоянд. Ҳол он, ки маҳз ҳамин падидаҳои фарҳангиву маърифатӣ ба тўй файзу баракат, нуру сафо ва мазмуну мундариҷа эҳдо мекунад. Чунончи дар маъракаи яке аз олимони номвари кишвар падари арўс ба навхонадорон се китобро ҳадя намуда, баробари орзуҳои нек, сабаби ин амалашро шарҳ дод, ки аҳли нишастро маъқул афтод: «Бо эҳдои китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаниам, ки донистани таърихи Ватан ва фарзандони номвари он қарзи шаҳрвандии Шумост. Китоби “Насиҳатнома”-и Унсурмаолии Кайковус бошад Шуморо беҳтарин раҳнамо дар роҳи пуршебу фарози зиндагонист. “Девон”-и Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бошад ба Шумо муҳаббат ато мекунад ва ба ҳаёт дилгарм медорад.” Ба иборати дигар, тўй танҳо аз рақсу бозӣ иборат нест, балки он як саҳифаи рангинтарин, хонотарин ва пурмазмунтарини китоби зиндагӣ бояд бошад, ки барои ояндагони авлод мерос хоҳад монд. Нашавад, то фардои начандон дур фарзандону наберагон ва аберагони мо, ки бешак аз мо донотару фозилтар хоҳанд буд, ба бесаводиву каммаърифатии мо тамасхур кунанд. Аз ин рў, дар барпо намудани тўй машварату маслиҳати инсонҳои оқилу рўзгордида, ашхоси соҳибназару соҳибистеъдод ва соҳибзавқ муҳим мебошад, то маърака хотирмон, пурмазмун аз рўи сенарияи махсус дар сатҳи баланд баргузор гардад.
Ба як маънӣ, дар баргузории тўй на ба моддиёт балки ба маънавиёт бештар арҷ гузоштан моро ба ҳадаф наздик хоҳад кард.
Амалӣ шудани қонун дар таҳавулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор