ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Инсони муосир минбаъд обрўву эътибори шоистаро дар ҷомеа аз баргузории тўю маъракаи пурдабдаба ва дастархони пурнозу неъмат нахоҳад ҷуст. Минбаъд ў андеша менамояд, ки сарфаву хароҷоти беҳуда барои обрўву номи дурўғин арзиш нахоҳад дошт ва мақому манзалати инсонро илму ҳунар, истеъдод, маърифат ва аъмоли нек муқаррар хоҳад кард.
Гузашта аз ин, инсони соҳибназар хушбахтии фарзандонро, на дар маъракаҳои силсилавии пурдабдаба балки дар интихоби дурусти ҳамсар барои фарзанд, ҳам аз назари саломатии ҷисму руҳ ва ҳам аз назари ахлоқ хоҳад ҷуст.
Махсусан эътибор додан ба муоинаи ҳамаҷонибаи духтур, эҳтироз намудан аз никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона аз масоили муҳими ҳалталаб маҳсуб мешаванд, ки дар сурати иштибоҳ варзидан дар ин ҷода тўю маъракаи пурдабдаба ба доди ў нахоҳад расид.
Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари рисолати як дастури пурмўҳтаво оид ба гузаронидани маъракаву чорабиниҳои оилавиро адо кардан барои мардуми оддӣ ва миёнаҳол раҳнамо ва ҳомии тавоноест аз таънаву маломати баъзе аз афроди ҳангоматалабу забондароз. Зеро иҷрои Қонун барои ҳар як сокини кишвар фарз аст ва саркашӣ ё итоат накардан ба он шаҳрвандро ба ҷавобгарӣ мекашад.
Пас, таънагар медонад, ки соҳиби маърака аз рўи қонун амал менамояд ва худи ў низ бояд бар он итоат намояд. Ба иборати дигар, ин қонун ҷомеаро аз таассубу қиёси беақлона раҳо бахшида истодааст. Воқеан чунончи дар боло зикр шуд, ҳангоми хонадоркунии фарзандон волидайн саргарми тўю дастархони пуробуранг муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фардои ҷавононро сарфи назар менамоянд.
Чунончи дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ду оила мехоҳанд пайванди хешу таборӣ барқарор намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор