ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Зеро дар меҳвари ин Қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносӣ қарор дорад, ки дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз аҳдофи ин Қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад.Ҷавҳари ин Қонунро адолат ташкил мекунад ва ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:
Нуктае хуш гуфтааст он дурбин, Адл дорад мулкро қоим на дин Аслан, тўю маърака, махсусан, тўи арўсии фарзанд воқеаи нотакрори таърихии оила ва авлод мебошад, ки то охири умри инсон дар хотири ў нақш мебандад. Махсусан, дар замони муосир, ки ҳар як воқеаву рўйдод сабти видеоӣ мегардаду фардо фарзандону наберагон онро тамошо мекунанд, дар сурати пурмазмун будани маърака он боиси ифтихор хоҳад буд. Ба иборати дигар, баргузории маърака танҳо дар оростани дастархони пуранво хатм намешавад, балки ҷараёни он, ки аз сўҳбату сурудҳои дилнишин бояд иборат бошад, ба он шукўҳу шаҳомати хоса ато мекунад.
Ин аст, ки эътибор додан ба мазмун ва мундариҷаи маърака ба фазилат ва маърифати баланди маъракаоро марбут мебошад. Вақте ба ҷараёни аксари тўйҳои арўсии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назар мекунем, дар онҳо якнавохтиву якрангӣ ва монандиро мушоҳида менамоем.
Суханони обшуставу такрори ровиёни маърака, сурудҳои шўху мусиқиҳои замонавӣ ва рақсҳои бемазмуни ҷавонону ҷавондухтарон, мўҳтавои ин гуна маъракаҳоро ташкил менамояд. Дар камтарин маъракаҳову тўйҳои арўсӣ сўҳбатҳои судманди пирони рўзгор, адибону олимон, гулбазмҳо бо ширкати ҷавонону ҷавондухтарон, намоши филмҳои кўтоҳмуддат дар бораи таърихи оила, аз ҷумла зиндагии бобову падар ва модаркалону модарро, ки ба тўй маъниву мазмун эҳдо мекунад, мушоҳида менамоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор