ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Албатта, тўю маърака як ҷузви зиндагии инсонҳост.
Одамӣ фарзанддор мешавад, ўро ба камол мерасонад, замоне ҳам мерасад, ки фарзандро хонадор кунад. Инсон орзу мекунад, ки рўзи тўи фарзандро бо дўстону азизонаш қисмат кунад. Руҳи инсон ташнаи суханҳои нек аст, мехоҳад, то азизону дўстонаш ўро муборакбод кунанд, шодишарик шаванд. Дастархон меороянд то он хайроте бошад ҷиҳати шукргузории ў аз ин рўзи нек. Аз ин нуқтаи назар, тўй бештар ҷанбаи маънавӣ дорад, на моддӣ. Пас, ҳар як нафаре, ки ба ин ё он маърака меравад, бояд хешро шодишарики соҳиби тўй бинад. Яъне, ғараз аз тўйравӣ талаби дидор аст. В-арна ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Қонуни мазкур дар давоми панҷ соли мавҷудияташ тафаккури моро оиди гузаронидани маъракаву маросим ба ҷониби мусбат тағйир дод. Дар партави ин қонун мо метавонем маъракаву маросими хурду ихчам ва пурмазмун рўи кор орем. Зеро бо гузашти айём ба ёд овардан ва аз фитаи видео тамошо кардани маъракаҳои зиндагӣ гуворост. Танҳо сухан, лаҳзаҳои гуворои ҳамнишинӣ, оҳангҳои дилнишин, сўҳбатҳои пурмазмун солҳои сол дар хотираҳо зинда мемонанд. Нозу неъмати серхарҷи дастархон, ки василаи вақтгузаронӣ чун худаш аз ёдҳо ҳам ба нестӣ хоҳад рафт.
Соли 2018
МАНШАИ МАЪНАВИЯТ ВА ФАРҲАНГ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон бо қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар
баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони
мамлакат, ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор