ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Спитамен чун дигар ҳарифонам аз ман намегурехт, балки бо сарбозони камшумораш ба сари лашкари ман пайваста ҳамла меовард.
Пешвои миллат сарнавишти Спитаменро ба тариқи зайл маънидод мекунанд, ки аз назари фарох ва ҷаҳоншиносии беназири он кас дарак медиҳад:
«Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандўстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуданд, корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар сафҳаҳои таърих то ба рўзгори мо ба ёдгор мондааст. Мо имрўз корнамоиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ўро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени “Спитамен”- ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамоиҳои ватандўстона ва идомаи анъанаи неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад».
Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат дар бораи Зардушт – паёмбари оини ростин, ки ба андешаи ў фикру андешаи хуб инсонро водор ба ҷидду ҷаҳд ва ғайрату ободонӣ мекунад, оид ба Монӣ, ки аз нобиғагони замони худ буда, дар фанни наққошӣ ҳамто надошт ва саҳифаҳои китоби худро бо тасвирҳои зебо, ки муборизаи нуру зулматро ифода мекард, музайян менамуд, перомуни Маздак – пешвои мардумдўсти Эрони бостон, ки шариати ў меҳмонро аз ҳар тоифа ё миллате, ки бошад эҳтиром мекард ва чунин мешуморид, ки аз ў набояд чизеро дареғ дошт, дар бораи Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ, ки як инсони фурўтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмазҳар буд, Имоми Аъзам асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро, ки масъалаи ҳурмати волидайнро на танҳо дар фиқҳи худ дар партави Қуръону ҳадис ҳал кардааст, балки худаш дар ин ҷода намунаи ибрат буд, Исмоили Сомонӣ – абармарди хирад ва сиёсат, бо тамоми вуҷудаш хоҳони муттаҳидии тамоми сарзамини тоҷикон буд, бо санаду далелҳои раднопазири таърихӣ изҳори назар мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор