Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Омўзиши зиндагиномаи ин чеҳраҳои ҷаҳонӣ ба ҷавонони имрўза нерў, боварӣ ва эътимод ба худ эҷод мекунад ва саргузашти онҳо чун дарси ибрат дар ватандориву ободкорӣ ба кор меояд.
Дар китоб ҳамчун чеҳраҳои модагори таърихӣ як қатор суханварон ва олимони классикӣ чун Абўабдуллоҳи Рўдакӣ – қофиласолори адабиёти тоҷику форс, ки ба андешаи муаллиф шеъри ў пайвандгари наслҳои гузашта, имрўза ва ояндаи миллати тоҷик аст, Абулқосим Фирдавсӣ – ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад, ки бо вуҷуди марди мусалмон будан ҳаргиз таърихи пурифтихори халқи худро қурбони идеологияи ҷоҳилона насохтааст, Абўалӣ ибни Сино – муттафаккири абадзинда, ки дар тўли умри кўтоҳи 57-солааш тавонист осори безаволу гаронбаҳое офарад, ки садҳо сол мавриди ниёзи ҳамарўзаи олимону табибон қарор гирад, Носири Хисрав – суханвари бузург ва марди андеша, Шамси Табрезӣ – шахсияти бузург ва камназири олами ирфон, Ҷалолуддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот, Камоли Хуҷандӣ – бунёдгузори кохи азими сухан, Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Мирзо Абдулқодири Бедил – нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ – суханвари номвари адабиёти тоҷик муаррифӣ гардидаанд.
Пешвои миллат омўзиши осори гаронбаҳои ин абармардони илму адабро барои имрўзиён муҳим мешуморанд ва мавриди истифода қарор додани онҳоро дар амалияи ҳаррўзаи иҷтимоию фарҳангии зиндагии худ зарур медонанд.
Дар китоб Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки зиндагонии ў худ қаҳрамонӣ буд, Нусратулло Махсум, ки аз насари Сарвари давлат ҷонфидои миллат маҳсуб меёбад, Шириншо Шотемур, ки ҳамчун офтоби зиёбахш дар таърихи Тоҷикистони навин тулўъ намуд, Бобоҷон Ғафуров, ки олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ буд ва Мирзо Турсунзода, шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт ва дар радифи инҳо Сотим Улуғзода ҳамчун мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ зикр ёфтааст.

пешина
аз 601
навбатӣ