Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қаблан муаллиф ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷаҳонигирии Искандари Мақдунӣ таваққуф намуда, оид ба ғояву ният ва амалдории ў маълумотҳои таърихии мушаххасро ироа месозанд. Муаллиф баъди омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи Спитамен ба ин қаҳрамони тоҷик баҳои сазовор медиҳанд: “Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаи таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёгони суғдию бохтарии мо мебошад. (саҳ.36) Саргузашти Спитамен воқеан ибратбахш буда, дар тарбияи ҷавонони имрўза таъсири бузург мегузорад. Муаллифи китоб бо овардани лаҳзаҳои ҷоннисорӣ ва фидокориҳои Спитамен ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқии асарро такмил бахшидаанд. Аз ҷумла, инъикоси манзараи ба пеши Искандар овардани сари Спитамен ниҳоят таъсирбахш аст: “Искандар баъди ба хуну оташу мусибатҳои сангин гирифтор намудани сарзамини Суғд дар Мароқанд ҳамроҳи маликаи ҷавон Рухшонак ва муқаррабонаш истироҳат мекард. Ба ин ҷамъомад рухсат пурсида ҳокими маҳаллӣ даруни он сари оғушта ба хоку хунеро берун овард.

  • Ин кист? – пурсид Искандар баробари дидани сари чашмонаш нимапўш ва ҳанўз ҷавон.
  • Спитамен, - бо тантана арз намуд Датаферн.
  • Ин сар ба ман хеле писанд аст, вале афсўс, ки онро мисли сипару камони Доро ва ангуштарини Бесс доим ҳамроҳам гардонида наметавонам.
    Ва Искандар беҳтарин ҳайкалтароши юнонӣ Лисиппро ба ҳузур хонд, ки ин дам ба офаридани муҷассамаи ў машғул буд.
  • Ту айнан нусхаи биринҷии ҳамин сарро офарида метавонӣ? – пурсид Искандар. – Ў аз ҳамаи лашкаркашону душманони то ин дам вохўрдаам ҷасуртарину тавонотарин буд.
пешина
аз 601
навбатӣ