ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мақолаи мазкурро метавон як раҳнамо ба пажўҳишгарони ҷодаи таърих, адабиёт, забон ва фарҳанг маҳсуб донист, ки тадқиқи нуктаҳои зикрнамудаи муаллиф метавонад саҳифаҳои пўшидаи таърихи миллат, зиндагинома ва осори устод Садриддин Айниро боз намояд, ҳамзамон, дар густариши назарҳо ва тадқиқоти минбаъда нақши бориз гузорад.
Нахустин масоиле, ки дар мақола мавриди баҳс қарор мегирад ин мақому манзалат ва хидмати беназири устод Садриддин Айнӣ дар мавриди собит намудани мавҷудияти қадимаи халқи тоҷик мебошад, ки баъди ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллат онро инкор мекарданд.
Садриддин Айнӣ дар байни солҳои 1924-1926 тавассути қалам тавонист дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бо инъикоси ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихии халқи тоҷик, моҳияти ақоиди иртиҷоии миллатгароёнро фош созад.
Махсусан, эътироф шудани калимаи “тоҷик” ба сифати номи як халқи форсизабон ва муаррифии маънии он ҳамрадифи “ориёӣ” ва “наҷибзода” хидмати бузурги устод Айнист. Эмомалӣ Раҳмон воридшавии устод Садриддин Айниро ба майдони ин муборизаи шадид ҳамчун қаҳрамони миллӣ қаламдод мекунанд. Таваҷҷўҳи муаллифи мақолаи “Зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ” ба воқеаҳои таърихии ин солҳо, гиру дор ва муборизаҳои ақидаҳо, мавқеи таърихӣ ва сиёсии устод Садриддин Айнӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бо вуҷуди тадқиқоти зиёди муҳаққиқон ҳанўз ҳамаи паҳлўҳои таърихии ин солҳо пурра омўхта нашудааст ва аз назари арзишҳои миллӣ ва давлатӣ бояд он амиқтар таҳқиқ гардад.
Дигар аз матлабе, ки дар меҳвари мақола қарор дорад, марбут ба китоби пуразиши Устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор