ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
САДРИДДИН АЙНӢ –ЧЕҲРАИ
МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Назар ва андешаҳои Пешвои миллат дар бораи устод Садриддин Айнӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи дар суханрониву мулоқот ва чи дар осори илмиву адабии худ, зиндагинома ва осори асосгузори адабиёти навин, нависанда, шоир, муҳаққиқи адабиёт ва таърихи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ҳамчун мактаби ибрат ва сарчашмаи ноби ҷоннисориву ҷонгудозиҳо дар бунёди тамаддуни даврони нави миллат муаррифӣ менамоянд. Қариб дар ҳамаи таълифоти Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таъриху адабиёт тааллуқ дорад ба зиндагинома, афкору андеша ва тадқиқоти илмиву адабии устод Садриддин Айнӣ руҷўъ шудааст.
Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и муаллиф, ки зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, бозёфтҳои фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон инъикос ёфтааст, дар радифи 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, дар бораи устод Садриддин Айнӣ низ як мақолаи пурмўҳтаво таҳти унвони “Зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ” нигошта шудааст, ки дар он хидматҳои беназири Қаҳрамонони Тоҷикистон, поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ рўшан инъикос шудааст. Муаллифи китоб бо назардошти он, ки инъикоси тамоми паҳлўҳои фаъолияти устод Садриддин Айнӣ дар як мақола ғайри имкон аст, ба тариқи тезис дар 48 бахш муҳимтарин матлабҳоро баён кардаанд. Ҳар як бахши ин мақола ифодагари як корнома ё як хидмати бузурги устод Садриддин Айнӣ мебошад ва ин андешаҳо давоми 26 соли истиқлолияти кишварамон дар маърўзаҳои Сарвари давлат борҳо таъкид шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор