Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро маҳз таълифи ҳамин асари барҷастаи мустанад муҳимтарин аслиҳае маҳсуб мешуд, ки алайҳи афкору андешаи рақибони миллат зарбаи ҷонкоҳ занад. Аз ҷумла, Пешвои миллат оид ба арзиши китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки дар вазъияти тақдирсози миллат интишор шуд, мақолаҳои таърихии устод, ки дар замони ҷанги ватанӣ иншо гардидаанд, муборизаҳои устод барои вожаи “тоҷик” ба сифати як халқи форсизабон, ғурури миллӣ, заҳматҳои фаровон дар зинда кардани таърихи халқи тоҷик, асарҳои аз лиҳози мазмуну мундариҷа баланд ва аз назари ҳунар беназир ва ғайра нуқтаи назари хешро баён кардаанд. Чунончӣ дар яке аз бахшҳо менависанд:
«Хидмати ҷоннисорона ва миллатдўстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забон ва адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рўзноманигорон, шоирону нависандагон, арбобони давлатӣ ва ҷавони тоҷик кардааст қобили ҳамагуна қадршиносиҳост». Боиси зикр аст, ки дар мавриди хидмати китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” худи устод низ ишорат мекунад, ки бо ин китоб мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти ўро аз даврони Сомониён то садаи бистум собит кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки устод барои исботи ҳақиқати таърихӣ бо маъруфтарин шарқшиносони олам чун Бертелсу Болдирев ва Андреев баҳсҳо намуда охируламр ғолиб омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои Садриддин Айнӣ ва ҳамсафонаш чун Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳитдинов, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва чандеи дигарро бо мубориза ва талошҳои гузаштагони бонангу ори мо баҳри худшиносӣ ва истиқлол чун Спитамен, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ муқоиса намуда, дар ҳар ду радиф фарзандони меҳан шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву инсонпарварӣ, ҳақиқатхоҳиву мардонагиро мушоҳида менамоянд.

пешина
аз 601
навбатӣ