ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Омўзиши осори ў барои мо ҳамватанонаш ҳам фарз асту ҳам суннат.
Дар китоб оид ба ҳакими ориф, адиби нозукхаёл, муттафаккири нуктасанҷ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот сухан рафтааст, ки ин шахсият низ ҳамчун чеҳраи мондагор муаррифӣ гардидааст. Аз назари Пешвои миллат Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намунаи олии ашхосест, ки онҳо маҳдудаи як маҳал, як миллат ва як мазҳаб набуда, ҳастии онҳо ба пешрафти тамаддуни олами башар бахшида шудааст. Махсусан, осори ин донишманд ба забонҳои гуногуни олам интишор шуда, мавриди омўзиши оламиён қарор дорад. Пешвои миллат ба осору афкори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз назари арзишҳои ахлоқӣ назар карда, моҳияти онро дар ҷомеаи муосир муайян намудаанд. Махсусан, оид ба аҳамияти оила, меҳру муҳаббат, тарбияи ахлоқӣ, илму дониш, маърифат ва маънавият ва монанди инҳо, ки дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мақоми меҳварӣ дорад Эмомалӣ Раҳмон таввақуф карда, омўзиш ва истифодаи онро дар замони муосир аз ҷониби ҷавонон муҳим мешуморанд. Дар замоне, ки дар олам тафриқаи мазҳабӣ, нажодӣ, миллӣ густариш дорад, равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ афзоиш меёбад, таълимоти ин донишманд арзиши бештар пайдо менамояд ва мардумро ба ваҳдату ягонагӣ даъват месозад. Дар ин маврид Пешвои миллат аҳли зиёро талқин месозанд, ки бо назардошти мазмуну мўҳтавои баланди осору ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар марҳалаҳои муҳим ва ҳассос мардумро ба роҳи росту дуруст раҳнамоӣ созанд (1.274) Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат оид ба суханвари ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар мақолаи “Бунёдгузори кохи азими сухан” маълумот дода, Шайх Камоли Хуҷандиро ҳамчун нобиғаи шеъри зебои тоҷикӣ ва шеъри ўро саршор аз меҳру муҳаббат ва ишқу созандагӣ медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор