Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пешвои миллат ба шахсияти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ на танҳо ҳамчун ба шоир ва эҷодкор балки ба як нафар муттафаккири ҷаҳонӣ, орифи комил, файласуфи беҳамто, инсони ба маънии томаш бузург, ки ҳастии ў ба тамаддуну фарҳанги олам таъсири бузург расонидааст муносибат менамоянд. Таълимоти ин нобиғаи ҳамаи давру замон, ки дар осораш чун «Девони Шамс», «Маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Фихи мо фихи» ва «Маснавии Маънавӣ»
инъикос ёфтааст, дар баробари масъалаҳои хурду бузурги иҷтимоӣ ҳамчунин проблемаҳои дину мазҳаб, инсон ва муносибати ў бо ҷомеа, ваҳдати вуҷуд, таҳаммулгароӣ ва монанди инҳоро дар бар гирифтааст. Махсусан, Пешвои миллат руҷўъ ба даврони зиндагии шоир карда, аз гиру мон ва тохтутозҳои хунини садаи 13 ёд менамояд. Дар ин маврид аз назарияи сулхоҳонаи Мавлавӣ ёд мекунанд, ки дар осораш ҷангу хунрезиро ҳамешагӣ маҳкум намудааст.
Барои тақвияти андешаи хеш мисолҳои ҷолибро аз осори шоир қайд месозанд:
По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг, Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг.(1.260) Ё дар мавриди сулҳу дўстӣ ва ваҳдату ягонагӣ, ки дар ашъори Мавлавӣ фаровон ба назар мерасад, чунин иқтибос овардаанд:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст Ай басо ҳиндиву туркӣ ҳамзабон, Ай басо ду турк чун бегонагон Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст (1.258) Пешвои миллат аз шўҳрати ҷаҳонии Мавлавӣ сухан карда, таъкид месозанд, ки осори чопшудаи ин абармарди таърих дар тамоми олам махсусан дар Аврупо ва Амрико харидорони зиёд дорад, ки аз таълимоти оламгираш дарак медиҳад.

пешина
аз 601
навбатӣ