ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
“...роҳи мушкил ва душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва Ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест” (1.247). Ҳамчунин, Пешвои миллат оид ба эҳтироми забони модарӣ ва риояи забони адабӣ, баҳсҳои илмӣ дар васоити ахбори омма, одоби муколамаҳои илмӣ ва ғайра ибрози назар намудаанд.
Оид ба дигар аз чеҳраи мондагори халқу миллати мо Шамси Табрезӣ муаллиф таҳти унвони “Шахсияти бузург ва камназири олами ирфон” ибрози назар намудаанд.
Муаллиф дар оғози мақолаи мазкур аз деҳаи зебоманзари Вешаби ноҳияи Айнӣ ёд мекунанд, ки мардум он маконро қадамҷои ин шахсияти нотакрори илму ирфон медонанд. Пешвои миллат муҳимтарини хидмати Шамси Табрезиро дар он мебинанд, ки таввасути нафаси нарм ва алфози гарм Мавлоно Ҷалолиддини балхиро “аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикии форсӣ кашшида, дар арсаи ҳунари шеъру шоирӣ машҳури оламиён ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо кард” (1.249). Муаллифи китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар мавриди ному насаб, зиндагинома ва рисолати ҳастии Шамси Табрезӣ ба сарчашмаҳои мўътамаде чун тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ, осори адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, китобҳои таърихӣ руҷўъ намуда, андешаҳои баланди Шамси Табрезиро сазовори омўзиши имрўзиён медонанд. Пешвои миллат бар он ақида мўътақид ҳастанд, ки омўзиши афкору андеша ва таълимоти Шамси Табрезӣ гузашта аз арзишҳои ахлоқӣ ки ба тарбияи инсони комил судманд аст, дар мавриди ҳаллу фасл ва бартараф кардани низоъҳои сиёсиву мазҳабии ҷаҳони имрўз низ муассир хоҳад буд.
Дар мақолаи “Ҷалолуддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо” Пешвои миллат менависанд: «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафавии ўро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд» (1.254).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор