Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ
– пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон дар китоб як тадқиқоти мўҷази илмӣ рўи кор омадааст. Муаллиф ба таърихи зиндагӣ ва рўзгори Абдураҳмони Ҷомӣ назар намуда, дар баробари инъикоси воқеаҳои таърихӣ аз мақому манзалати ин суханвари тавоно изҳори назар менамояд ва бо мисолҳои фаровон мавзўъ ва мундариҷаи ашъорашро таҳлил менамоянд. Усули таҳлил ва шарҳи ашъори шоир аз суханшиносӣ ва маънипарварии муаллиф дарак медиҳад.
Яке аз чеҳраҳои дигари мондагор Мирзо Абдулқодири Бедил дар китоб ҳамчун нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар муаррифӣ шудааст. Муаллиф зикр мекунанд, ки “Бедил дар оғози асри 21 пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дўст –Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст”. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ – суханвари номвари адабиёти тоҷик бо осори гаронбаҳои худ нақши босазое дар пешрафти адабиёти тоҷик дорад, ки дар китоб ў низ ҳамчун шахсияти хосаи таърихӣ муаррифӣ мегардад. Пешвои миллат омўзиши осори гаронбаҳои ин абармарди илму адабро барои имрўзиён муҳим мешуморанд ва мавриди истифода қарор додани онҳоро дар амалияи ҳаррўзаи иҷтимоию фарҳангии зиндагии худ зарур медонанд.
Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар баробари бузургону абармардони то инқилоб чанд нафар аз чеҳраҳои асри 20 интихоб шудаанд, ки ҳар яке дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо корномаҳои худ имтиёз доранд.

пешина
аз 601
навбатӣ