Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона шурўъ гардидааст (с.53) Дар мақолаҳои дигари муаллиф масъалаҳои гуногуни ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣ ва кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, муаллиф аз нақшаву кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, идомаи ислоҳот, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастгирии давлатии соҳа, таҷдиди инфаструктураи хоҷагиҳо, тавассути ворид намудани технологияҳои ҳозиразамони парваришу нигоҳубини зироатҳо, афзун намудани маҳсулот, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ мусоидат кардан ба рушди хоҷагиҳои деҳқониро аз иқдомҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб медонад. Як силсила мақолаҳои дигари муаллиф ба проблемаҳои таъмини амнияти миллӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, тиҷорати одамон ва монанди инҳо бахшида шуда,барои беҳдошти вазъият пешниҳодҳои ҷолиби ў баён шудааст.
Муаллиф ҳамчун муовини аввали Раиси ҲХДТ оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақому манзалат ва нақши он дар пешрафти ҷомеа силсилаи мақолаҳои ҷолиб иншо кардааст. Аз ҷумла, барномаи нави ҳизб: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»-ро шарҳу тавзеҳ дода, пешниҳодҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти сиёсати дохилӣ, ки аз нўҳ самти афзалиятнок иборат аст баён месозад. Ин мақолаҳо роҳи пуршарафонаи ҳизбро, ки барои расидан ба ормонҳову ҳадафҳои олии халқ тай кардааст, инъикос мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ