Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷумла муаллиф менависад, ки “ Ҳадафҳои мо аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва ҳизб тавассути ширкат дар рушди кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити созгори зиндагӣ фароҳам меорад.” Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми мавҷудияти худ ба ин рисолати худ вафодор мондааст.
Ҳамин тариқ, мақолаҳои Фаттоҳзода Саидмурод Самад, маҷмуи афкору андеша бо таҳлилу таҳқиқи падидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, барои хонанда дар баробари манзури маълумотҳои таърихиву илмӣ, дар шинохти ҳақиқати таърихӣ роҳнамоӣ мекунад, эҳсоси худшиносии миллӣ ва ватандориро дар ниҳоди хонанда такон мебахшад.
Мақолаҳои бахши дуввуми китоб ба қалами адабиётшинос ва рўзноманигори тоҷик, сардабири ҳафтавори “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов тааллуқ дорад.
Муаллиф дар нигоштаҳояш бештар ба таҳлилу баррасии авзои сиёсии ҷаҳон, сиёсати хориҷии кишвар, муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, ҳамчунин масоили доғи ҷомеа, ки ислоҳи онҳо ногузир аст эътибор додааст. Бахтиёр Ҳамдамов ба воқеаву ҳодисаҳо, қазияву проблемаҳои мавҷуда назари хоси худро дорад ва хонандаро водор мекунад, ки сари он тафаккур намояд. Масоили ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи инсони ватандўст ва дорои эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва давлатӣ, шинохти ҳақиқати зиндагӣ аз хасоиси умдаи мақолоти муаллиф ба ҳисоб меравад. Махсусан андешаҳои Бахтиёр Ҳамдамов дар мавриди падидаи номатлуби замон, паҳн ёфтани вабои аср-терроризм ва экстремизм дар қаламрави олам ҷолиб буда, барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро баён мекунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ