ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аз ҷумла, мақолаи “Демократия ё охлократия, ё худ чӣ гуна необлшевизм дар либоси демократҳо ҷилва дорад” фикру ақидаи муаллифро оид ба демократия, ислом ва необолшевизм равшан
ифода менамояд. Муаллиф манзараи сиёсии ҷумҳуриро ба
риштаи таҳқиқ кашида, воқеаву ҳодисаҳоро мўшикофона таҳлил менамояд. Иқтибоси зерин дар мақолаи муаллиф аз назари фарох ва дурбинии сиёсии муаллиф дарак
медиҳад: “Аристотели бузург дар китоби машҳураш бо
номи Полития (Сиёсат) овардааст, ки демократия бояд бо
қонунҳо маҳдуд карда шавад, вагарна ба охлократия табдил меёбад. Агар демократия мазмуни ҳукмронии халқро
дошта бошад, охлократия маънии ҳукмронии издиҳомро
дорад. Қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва парлумон бояд ҳаминро дар назар дошта бошанд. Агар ҳар як қувваи сиёсӣ издиҳомро ба майдон барораду фикрашро гузаронад, дар он
сурат охлократия мутлақ, яке аз шаклҳои хатарноктарини ҳокимият ҳукмрон хоҳад шуд.
Як силсила мақолоти Фаттоҳзода Саидмурод ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Муаллиф бо тақозои вазифаи хеш бо ҷаҳони ботиниву афкору андешаҳои созандаи
Сарвари давлат аз наздик ошност ва ин низ боис гардааст, ки
муаллиф дар таҳлилу баррасии ин мавзўъ ба таври шоиста
дастёб гардад. Баъди зикри муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба даст
омад, муаллиф ба хулосаи саҳеҳ мерасад: “Дар ҳақиқат
Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст. Президенти Тоҷикистон
мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои халқ ва миллати
мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот
додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё