Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа

КИТОБИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДОРӢ

Китобе, ки алъон дар дасти Шумо қарор дорад, ба як маънӣ таърихномаи мухтасари даврони Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Зеро он шомили мақолотест, ки муаллифонаш ба паҳлўҳои мухталифи рўзгори ҷомеа, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, падидаҳои фарҳангиву ҳунарӣ эътибор дода аз дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷонбозиву заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар сухан кардаанд.
Муаллифон кўшиш кардаанд, ба масоили мубрами замон, равандҳои гуногуни ҷомеа дар заминаи таҳлилу таҳқиқи илмӣ холисона баҳо диҳанд ва дар баъзе маворид фикру андеша ва пешниҳоду дархости хешро дар беҳдошти вазъ ё ҳалли масоили мубрам баён намоянд.
Дар қисми аввали китоб сию се мақолаи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Фаттоҳзода Саидмурод Самад ҷой дода шудааст, ки онҳо дар солҳои гуногун иншо шуда, аксари онҳо бо гузашти замон арзиши бештари илмӣ ва таърихӣ пайдо кардаанд. Нахустин бардошт аз мақолоти ин бахш он аст, ки муаллифи он аз оғози фаъолият то имрўз дар мавриди баҳодиҳӣ ба равандҳои ҷомеа, таҳаввулоту тағйиротҳо мавқеаи мустаҳками ягона дорад ва назару андешааш ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равшану возеҳ ифода меёбад. Дар китоб мақолаҳое ҷой дода шудааст, ки ҳанўз дар соли 1991 таълиф гардида, фикру ақидаҳои ҷолибро фаро гирифтааст.

аз 601
навбатӣ