ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Албатта, дар баробари ин Давлати Тоҷикистон ба дин хамчун арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ арҷгузорӣ менамояд.
Мо аз таҷрибаи гузаштагон хуб медонем, ки халқу миллатҳое, ки дар масири таърих ба арзишҳои динӣ дуруст ва мутобиқи мақсаду мароми ҷомеа арҷгузорӣ намудаанд ба муваффақиятҳои бузургу нодир ноил шудаанд. Номи волои Куруши бузургу Анушервони одил ва дигар сиёсатмадорони шинохтаи гузаштаи мо гувоҳи ин гуфтаҳост.
Роҳбари давлати Тоҷикистон низ дар пайравӣ бо шоҳони одилу дўстдори миллат як низоми мувозинати одилонаи муносибати давлат ва динро дар партави Конститутсияи кишвар роҳандозӣ намуданд. Дар партави ин сиёсат таъмини озодиҳои васеи динӣ, қадр намудани арзишҳои динӣ ва арҷгузорӣ аз онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати имрўзаи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон гашт.
Дар 72 соли замони Шўравӣ агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 масҷид воқеъ бошад, имрўз тақрибан чаҳор ҳазор масҷид, 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, як донишкадаи исломӣ, шаш мадрасаи мутавассита, як гимназияи исломӣ ва ҷамоатхонаи исмоилия озодона дар кишвар фаъолият менамоянд. Дар замони шўравӣ тақрибан 30 нафар шаҳрвандони мо ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуда бошанд, пас дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони мо озодона ба адои ин рукни ислом мушарраф шуданд. Албатта, ин ҳама гувоҳӣ аз озодии эътиқод дар Тоҷикистони сохибихтиёр аст.
Ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошанд. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз менамояд. Аммо ин ҳуқуқ ва озодиҳо ба дигар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон набояд зид бошанд, бахусус ба ҳуқуқи халқ ва миллат дар худмуайянкунии сиёсӣ, ба тартиботи ҷамъиятӣ ба принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ зарар расонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё