ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ҳолати чунин муқобилат ҳар ҷомеаи мутамаддин ва давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ, ки кафили тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонаш баромад мекунад, масъул аст, ки садди роҳи онро гирад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ, ки мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро дорад мутобиқ бар Қонуни асосии кишвар ва арзишҳои эътирофшудаи башарӣ дар ҳолатҳои зарурӣ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст, маҳдудиятҳои ҳуқуқу озодиро дар мизони қонун ба хотири манфиати умум, амният ва нигоҳдошти раванди демократӣ татбиқ намояд.
Дар бештари мавридҳо зарурати эътирофи бартарии арзишҳои миллӣ ва манфиати истиқлолияти кишвар аз сарчашмаҳои динӣ мабдаъ мегирад. Зеро дар шинохти манфиат ва бартарӣ дар он ислом дар ҳолати бархўрди манфиатҳои динию умумиинсонӣ ва ё минтақавӣ бештар ба он арзише такя мекунад, ки вай ба адли зиндагӣ, оромии ҷамъият, ободии аъзои он мувофиқат карда, ифодаи тантанаи адл, инсоф, баробарӣ ва озодист. Мутобиқи таълимоти исломӣ ҷаҳон, осмону замин ва он чӣ миёни ин ҳарду аст ба ҳақ пойдор аст (46-3), якрўза адли подшоҳи одил (роҳбари одил) аз ҳафтодсола тоати мусулмони золим афзалтар аст, мулк бо куфр мепояду бо зулм не, инсонҳо чун дандонаҳои шона баробаранд (ҳадисҳои паёмбари ислом), ва ҳар кас барои амали хеш ҷавоб мегўяд (35-18) як низоми мувозинати иҷтимоиро рўи кор овардаанд, ки дар он қабл аз арзишҳои сирф тоатӣ ва эътиқодии динӣ оромию ободии қавму миллатҳо, амнияти давлат ва шароити мўътадили инкишофи миллат ҳифз мегардад.
Зеро бе амну сулҳ ва ваҳдат ба ҷо овардани эътиқоди динӣ ва инкишофи муътадили ҷаҳонбинии динӣ номумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё