ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷаҳонбинии онҳо то он дараҷа аз сатҳи одии худшиносӣ ва миллатшиносӣ (ба истиснои Фирдавсӣ) дур рафта буд, ки дар саргаҳи арзишҳои васеътари умматшиносӣ - «уммат ул исломия», одамшиносӣ - «бани одам аъзои якдигаранд», қарор гирифта, ҳама гуна баробарӣ, озодӣ ва адолатро дар ин сарҳадҳои биниши олами моддӣ ва маънавӣ тарҳрезӣ мекарданд. Ин, албатта, аз нигоҳи таърихи умуми инсонӣ хуб буд, зеро онҳо бори фарзандони фарзонаи Одамро берун аз сарҳади миллат ва халқият мекашиданд.
Онҳо аз воқеият хеле пеш рафта буданд. Бо вуҷуди он забони онҳо, муоширати илмии онҳо, сайругашти хаёлоти илмии онҳо ва баъзе аз таъкидоти ватанпарастонаи онҳо забону халқияти маҳрум аз давлатро аз нестӣ то ҳадде нигоҳ дошт. Вале ин амал бо чунин равшанфикрони оламшумул, ки бедавлатону чодарнишинонро давлатдорӣ омўхта, саҳронишинонро савод дода, тамаддуни исломиро аз бўҳрони вазнини сиёсӣ ва динӣ раҳоӣ бахшид, дар муносибат бо маҳдудаи сиёсии давлатӣ халқӣ ва баъдан миллӣ хеле ночиз буд.
Таҳлили ин ва дигар нукоти раванди сиёсӣ ва инкишофи афкору интихоби арзишҳои ҳуқуқӣ равшан менамояд, ки дар масири таърих ва фазои ҳуқуқии олам гарчанде арзиши ватандўстӣ, миллатгароӣ ва хештанпарастӣ табиатан дар муқобили одамгароӣ, инсондўстӣ баробарию озодӣ маҳдуд ҳам бошад, нақши он дар бунёду асолати давлати соҳибихтиёр, ояндаи фарзандони миллат ва дурнамои халқ аз ҳар ҷиҳат қимматтар ва бузургтар аст. Бинобар ин халқ ва миллате, ки соҳибихтиёрии худро эълон намудааст, қабл аз ҳама бояд сари усулҳои ҳуқуқии дифои манфиати миллӣ ва худшиносии миллӣ андеша намуда решаҳои бедории Миллӣ ва худшиносии Миллатро дар қалби мардумонаш кишт намояд. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо арзишҳои миллӣ ва динӣ маҳз дар ҳамин қолаб тарҳрезӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё