БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

муосириятро дар заминаи қиёми нерӯҳои қудратиаш дар ҳеҷ сурат истиқбол нахоҳад кард.
Аммо қудрат дар мафкураи урупоӣ, ки бо фарҳанги интиқод мусаллаҳ аст, ба маънии ихтиёр дарк мешавад, чунки ихтиёр дар умур маҳз ҳамон қудратеро иқтизо хоҳад кард, ки расман чун фармонравоӣ пазируфта шудааст:
“Саранҷом, чи касе эътироз мекунад, ки фикре ворид шудааст? ки Ман магар андеша тавлид мекунад?.. Аз ин се воқеияти дохилӣ, ки зоҳиран зомини иллият будаанд, аввалин ва қонеъкунандатарин ҳақиқат ирода ба унвони иллат аст. Мафҳуми Ман ба унвони иллат баъдан мутаваллид шуд, пас аз он ки иллият бо таваҷҷуҳ ба иродае, ки дода шуд, ба унвони таҷрибӣ таъсис ёфт”100.
Мартин Ҳайдеггер сайъ мекунад аз ҳавзаи нуфузи фалсафаи зеҳният хориҷ шавад, вале фаробунёдгароии таърихии ҳастӣ маълум мекунад, ки мавсуф бар тафаккур мутамарказ шуда, оқибат хешро аз пажӯҳиши бисёрҷониба канор мегирад. Номбурда бар тафовут, ки байни ақлу зеҳн вуҷуд дорад, таваҷҷуҳ намекунад.
Пайомади дигаре аз фалсафаи баъдии Ҳайдеггер ҳамон хулосае хоҳад буд, ки нақди мудерн ба таҳқиқи илмӣ истиқлоли зеҳнӣ мебахшад. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки улуми давраи муосирият иддаои ақлро канор гузошта, ҷиҳати тағйирёбии
Ницше Ф. По ту сторону добра и зла, - М.: Эксмо, 2008, - с. 779.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё