Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

чунонки фалсафаи огоҳӣ бо номи Рене Декарт муртабит аст”98.
Албер Камю дар китобе мавсум ба “Марди шӯришгар” фоҷиаи метафизикиро чунин ба қалам овардааст: “Шӯриши метафизикӣ исёни як инсон алайҳи сарнавишти худ ва алайҳи кулли ҷаҳон аст. Ин шӯриши метафизикӣ аҳдофи ниҳоии инсон ва ҷаҳонро ба чолиш мекашад”99.
Мафҳуми мудерн, ки бар асоси назарияи қудрат тавсеа ёфтааст, Нитшеро водор мекунад, ки ба интиқоди ақл пардохта, алайҳи ақлгироии Ҳегел худро хориҷ аз уфуқҳои ақл қарор диҳад. Ӯ арзишҳоеро, ки дар иртибот бо фалсафаи ҳунари модерн тақвият пазируфтааст, ба расмият намешиносад ва муътақид аст, ки дидгоҳи ҳунарӣ имкон фароҳам меорад то тавассути равишҳои илмӣ анҷом пазируфта, бинобар нигариши мовароуттабиӣ шаклгирии бадбиниву шаккокиро касб намояд. Фалсафаи ирода ба қудрат аз зумраи арзишҳоест, ки Нитше иддаои тавоноии интиқод аз ғайритабииро пешниҳод менамояд. Шаккок донишманде, ки дунболи ифшои инҳирофоти ирода ба қудрат худро ба унвони вокунише матраҳ месозад ва бо истифода аз равишҳои инсоншиносӣ, равонӣ ва таърихӣ

98 Хабермас Ю. Философский дискурс о модерне, - М.: Весь Мир, 2003, - с. 86.
99 Камю А. Бунтующий человек, - М.: Издательство политической литературы, 1990, - с. 23.

пешина
аз 303
навбатӣ