Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аммо паёмадҳои манфии
ҷаҳонишавӣ бештар дар кишварҳое камтар
тавсеаёфта эҳсос мешавад, ки тавсеаи мустақили
онҳо таҳти фишори кишварҳои тавсеаёфта ғайри
мумкин мешавад. Ба ибораи дигар, арзишҳои
фарҳанги муосир ғолибан вижагиҳои тиҷоратӣ
дошта, масъулин бо ҳар роҳе мехоҳанд аз
намоишу шоу-барномаҳои интеллектуалӣ
манфиат бубинанд. Миллионҳо одамон ба
кишварҳои мутараққӣ муҳоҷират карда, қувваи
кории хешро мавриди харидфурӯш қарор
медиҳанд. Валекин, бо вуҷуди ҳамаи имкониятҳо
аксар маводи шуҳратёфта бо роҳҳои тақаллубӣ
истеҳсол шуда, ба оммаи васеи мардумон дастрас
мегарданд. Шояд ҳаминро ба назар гирифта,
ширкатҳо истеҳсоли дар корхонаҳои манотиқи
дигар ба вуқуъ пайвастаро бо арзиши поён ба
фурӯш мегузоранд. Бинобар ин, хусусияти хоси
раванди ҷаҳонишавӣ иборат аз ин аст, ки башар
бештар маҳсулоти зиёноварро харидорӣ карда,
аслро аз тақаллубӣ фарқ намегузоранд ва аз
вижагиҳои номатлубе пайгирӣ мекунанд, ки
оқибат онҳоро охурбин месозад. Агар се даҳсола
муқаддам ҷавонон маълумотро аз китобҳову
осорхонаҳо дастрас менамуданд, ҳоло ҳозир
бештарини онҳо дилхоҳ маълумотро аз интернет
ҷустуҷӯ мекунанд ва бо истифода аз он тавассути
телефонҳои мобилӣ ҳафтаҳову моҳҳо дар ҳуҷраҳо
ва бидуни шуғл доштан ба варзиши бадан вақти гаронмояи худро сипарӣ месозанд.

пешина
аз 303
навбатӣ