Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Чунонки Зигмунд Фрейд мутазаккир шудааст, ҷомеаи башарӣ айни замон дар ҳоли нохудогоҳӣ қарор дошта, қобилияти дарк кардани аксар масоилро надорад.
Аз ин ҷо муайян гашт, ки берун аз миқёси фарҳанги муайян дигар аносири фарҳангӣ ҳукмронӣ менамоянд, ки баъзан онҳо барои ҳар шайъ бегонаанд, аммо рӯоварии инсони муосир ба вижагиҳои фарҳанги бегона аз зумраи хусусияти ҳувияти фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Пажӯҳандагони ватанӣ бештар ба сатҳи худогоҳии миллӣ дар гузашта ва имрӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуда, яке аз омилҳои ташаккули ҳувияти фарҳангии ҷомеаро дар худшиносии таърихӣ мебинанд. Аммо афкори боэътимодро таҳқиқҳое фаро гирифтаанд, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоии фарҳанги ҷаҳонӣ ва вижагиҳои ҳувият ихтисос ёфтаанд. Гузашта аз ин, дар замони соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқи вижагиҳои фарҳангӣ хеле барҷаста арзёбӣ мегардад. Номбурда ҷиҳати эҳёи фарҳанги ориёӣ ва таҷлили бузургдошти шахсиятҳои таърихие, ки асолати тоҷикӣ доштаанд, нақши боризе дошта, маҳз бо ибтикори ӯ 1100-солагии силсилаи Сомониён, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Нуъмон ибни Собит, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва амсолашон роҳандозӣ шуданд, ки чунин чорабиниҳо ҷиҳати тақвият ёфтани раванди густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат карда, осори бузургони гузашта барои шаҳрвандони кишвар дастрас мегардиданд.

пешина
аз 303
навбатӣ