БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Давлатҳо дар сиёсати тиҷоратии худ бо таъини масири байни озодсозӣ (либерализатсияи савдо) ва ҳимоятгароӣ (протексионализм) маҷбуранд нисбат ба манфиат ва зиёнҳои эҳтимолӣ ҳангоми интихоби маҷмӯае аз иқдомот теъдоди хоссеро бобати ҳифзи нашъунамои иқтисоди миллӣ эҳё гардонанд.
Айни замон, чаҳорчуби хориҷӣ дар қолаби муоҳидаҳои байналмилалӣ агарчӣ то ҳадде ба озодсозии тиҷоратӣ кумак кунад, аммо бо вуҷуди ин давлатҳоро маҷбур кард ба дунболи иқдомоти дигаре барои ҳимоят аз бозорҳои дохилӣ ҷиҳати рафъи мушкилиҳо чора андешанд.
Раванди фаромиллӣ шудани иқтисоди ҷаҳонӣ на танҳо натиҷаҳои мусбатро барои кишварҳои тавсеаёфта ба ҳамроҳ дошт, балки мушкилоти бисёреро низ ба бор овард. Бо воридгардии фановариҳои ҷадид ва интиқоли тавлид ба кишварҳои дигар омили коҳишёбии шуғл ва афзудани мушкилиҳои иҷтимоӣ шуд. Барои кишварҳои миллӣ натиҷаи манфии фаромиллӣ шудани иқтисод дар ин ё он воқеият баён мешавад, ки ширкатҳои фаромиллӣ ағлаб манофеи миллии кишварҳои мизбонро нодида мегиранд. Ба ҳамин далел, нақши давлатҳои миллӣ дар ҳоли заъифӣ қарор гирифта, бархе аз вазифаҳои онҳо ба созмонҳои ғайридавлатӣ мунтақил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё